Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи даҳҳо паҳпод ба Маскав (Видео)

Субҳи 30 май шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз ҳамлаи паҳподҳо ба чанд бинои истиқоматӣ дар пойтахти Русия хабар дод. Ба гуфтаи ӯ биноҳо хисороти чандоне надидаанд. Ҳокими вилояти Маскав Андрей Воробёв навиштааст дар ҳавмаи Маскав системи ҳимояти зиддиҳавоӣ ба кор даромада ва чанд паҳподро сарнагун кардааст. 

Вазорати дифоъи Русия гуфтааст дар ҳамла 8 паҳподи ҳавопаймошакл ширкат кардаанд ва аз ин теъдод, сетои он бо истифода аз ҳамлаи электируникӣ сарнагун шуданд ва панҷ адади дигараш тавассути сомона мушакӣ ва тӯп зиддиҳавои Пантсир-С нобуд карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои укроинӣ аз ҳамлаи 32 паҳпод хабар медиҳанд, ки системаи дифоъи зиддиҳавоии Русия тавонистааст танҳо 11 адади онро сарнугн созад. Боқи ё ба биноҳо ва ё ба маконҳои беодам бархӯрд карда, аммо аксарият натаркидаанд. 

Як телеграм-канали наздик ба гурӯҳи “Вагнер” навиштааст шумори паҳподҳои ба Маскав ҳамлакарда 25 адад буда ва 13-тои он сарнагун карда шудааст.   

Ба гуфтаи Собянин, шаҳрдори Маскав дар ин ҳамалот ҳеҷ сокини пойтахти “ҷароҳати ҷиддӣ набардошта”, танҳо ду нафар барои кӯмаки тиббӣ муроҷиъат кардаанд, ки ба беморхона интиқол наёфта дар ҷои ҳодиса кӯмаки тиббӣ гирифтаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *