Сар аз рӯзи 24 май Узбекистон аз вожаи милитсия даст кашида ба ҷои он унвони “органи корҳои дохилӣ”-ро ҷойгузини вожаи милитсия кард. Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар ин бора санади ҳуқуқӣ ба имзо расонд. Дар ин бора расонаҳои ӯзбекӣ хабар доданд.
Дар хабар омадааст, ки либоси расмии корманди органи корҳои дохилӣ бо истифода аз намунаҳои либосҳои пулиси кишварҳои хориҷӣ нав хоҳад шуд.
Зимнан, дар соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон пулиси сайёҳӣ ба фаъолият пардохтааст, ки намуди зоҳири онҳо ба пулиси Амрико шабоҳат дорад.
Ҳанӯз дар соли 2017 Абдусалом Азизов, вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон пешниҳод карда буд, ки аз вожаи “милитсия” комилан даст кашида ва ба ҷойи он вожаи “корманди умури дохилӣ” истифода шавад.
Қутбиддин Бурҳонов, сардори Раёсати иртибот бо ҷомеа ва матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки дар раванди ислоҳот дар сохтори ин вазорат на танҳо вожаи “милитсия” иваз шудааст, балки ҳирфаияти кормандони умури дохилӣ санҷида шуда, фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи ин ниҳод тафтиш шудааст.
Дар натиҷаи санҷишу тафтиш, 59 нафар раҳбарони ниҳодҳои корҳои дохилии ин кишвар ба далели “мутобиқат накардан ба сатҳи корманди касбӣ” аз сафи органҳои корҳои дохилӣ барканор шудаанд.