Рубрики Хабарҳо

Садақаи фитр ба ҳукумат?

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷамъоварии садақаи фитр ва андоз аз масҷидҳои ин кишвар  Камиссияи махсуси давлатӣ созмон додааст.

Тибқи дастури ин коммиссия Имомони масҷидҳои Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки  садақаи фитр ҷамъоварӣ кунанд ва ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ андоз супоранд.

Шурои уламои исломии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб таъкид кардааст бояд то рӯзи 28 ҷамъоварии садақаи фитр ва андози сеҳазор сомонӣ ба иҷро расад.

Дар соли 2018 низ Камиссиони вижаи давлатӣ ба ҷамъоварии садақаи фитрия аз сокинони ин кишвар иқдом кард, ки гуфта мешавад ин маблағ ба 40 миллион сомонӣ баробар бо 4 миллион доллар расида буд.

Бар ин асос агар ҳам фарде садақаи фитрияи худро ба ашхоси ниёзманд пардохт карда бошад вазифа дорад дубора маблағи 5 сомонӣ ба Камиссияи махсуси давлатӣ пардохт кунад.

Ҳамчунин аз намозгузорон дархост шудааст, то рӯзи 28 май кумакҳои хайрияи худро ба масҷидҳо таҳвил диҳанд чаро, ки ҳар як аз ин марказҳои ибодӣ ба пардохти маблағи 3 ҳазор сомонӣ ба унвони андоз вазифадор шудаанд ва танҳо роҳи ҷамъоварии ин пул ёрии мардум аст.

Камиссиони махсуси давлатӣ иддао мекунад садақаи фитрияро ба нафъи мардум ва кумак ба хонаводаҳои фақир истифода хоҳад кард. Аммо коршиносон ба ин мавзӯъ бо дидаи шубҳа ва тардид нигоҳ мекунанд чаро, ки маъмулан ҳарҷо ниҳодҳои ҳукуматӣ вориди амал шуданд фаолиятҳои онон бо фасоди молӣ ҳамроҳ будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 1990 ва дар даврони ҳукумати Шуравӣ бо пешниҳоди идораи умури мусалмонони вақти Тоҷикистон ва мувофиқати парлумони ин ҷумҳурӣ масҷидҳои ин кишвар аз пардохти андоз муоф шуда буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *