Рубрики Хабарҳо

“Босс”-ро аз Укроин ба Тоҷикистон истирдод карданд

Гурезаи тоҷик дар Украина Муродалӣ Ҳалимов бо лақаби “Босс”, ки қаблан ҳам дар борааш расонаҳо гуфта буданд, рӯзи 22 май дар Киев боздошт ва 24 май ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар бораи боздошти ӯ ҳомии ҳуқуқ дар Укроин Анвар Деркач хабар дод. Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки Ҳалимовро чанд нафари ниқобпӯш боздошт карда, ба самти номаълум бурдаанд.

Дертар, вакили дифоъи Ҳалимов Алексей Скорбач, бидуни он ки аз касе ном барад, навишт, ки “рӯзи 22 май мизоҷи маро кормандони пулис барои супоридан ба яке аз диктотуриҳои Осиёи Марказӣ рабуданд. 23 май ман ба Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон (ДАҲИ) муроҷиъат намудам ва дархост кардам, ки оҷилан истирдоди ӯро манъ кунанд. Дар бораи рабудан ва инкори додани маълумот ба ман чун ба вакили дифоъи ӯ дар бораи ҷойи ӯ низ гузориш додам”.

Скорбач ҳамчунин хабар дод, ки қарори додгоҳи аврупоӣ каме дер кард. “24-уми май қарори ДАҲИ дар бораи манъи истирдод расид. Мутаассифона чанд соат дер кард. Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, дирӯз мизоҷро оҷилан аз кишвар берун бурданд” — навишт ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш.

Яке аз шиносҳои Ҳалимов ба Паём гуфт, ки ӯро замоне дуздиданд, ки аз хонааш хориҷ шуд ва мехост ба мошинаш нишинад. Рабудани ӯро писараш мушоҳида карда, ба хона давидааст то ба модараш хабар диҳад, аммо вақте онҳо баромаданд, аллакай касе онҷо набуд ва дари мошин боз буд.

Як манбаъи дигар гуфт, ки ӯро тавассути Қазоқистон бурдаанд.

Вакили дифоъи ӯ Алексей Скорбач дар сӯҳбат бо Паём қатъиян бурдани номи касе ё кишвари истирдодшударо рад кард ва гуфт, ки додгоҳ додани ҳар маълумотеро манъ кардааст. Аммо қайд кард, ки баробари рабуда шудани мизоҷаш дарҳол муроҷиати хаттӣ, шикоят ва ариза карда, мақомотро дар ҷараён гузоштааст.  

“Ҳоло бояд рӯи хати аврупоии ҳимоя тамаркуз кард” — қайд кард Скорбач.

Муродалӣ Ҳалимов қаблан ҳам бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз тарафи пулиси Укроин шуда буд, аммо додгоҳ бинобар набудани далоили кофӣ, ӯро озод кард.

Гуфтанист, ду моҳ қабл Паём маълумоте дастрас кард, ки гурӯҳе аз намояндагони КДАМ ва ВКД ба зудӣ ба Укроин хоҳанд расид, то масъалаи боздошт ва истирдоди фаъолони тоҷик дар ин кишварро баррасӣ кунанд.

Шакли пурраи мусоҳиба бо вакили дифоъи Муродалӣ Ҳалимов:

Паём: оё қарори додгоҳ вуҷуд дошт?

Алексей Скорбач: Қоидаи 39-уми қарори додгоҳ дар бораи чораҳои муваққатӣ нисбати яке аз аризадиҳандагони ДАҲИ татбиқ карда шуд. Додрас чунин қарорро давоми 20 соат қабул кард, ин суръати кайҳонист. Гузашта аз ин мақомоти Укроин тавонистанд аризадиҳандаро дар ин муддат ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таслим кунанд. Ҳангоми истирдод ҳуқуқ ба ҳимоя дағалан поймол крада шуд — вакили дифоъ аз боздошт огоҳ карда нашуд, ба назди боздоштшуда роҳ дода нашуд, алоқае вуҷуд надошт  ва додситонӣ талаби вакили дифоъ оиди муайян кардани макони нигоҳдориро бепосух гузошт.

Паём: Чӣ зарурате барои манъи додани маълумот дар бораи истирдодшуда вуҷуд дорад, дар ҳоле, ки ӯ аллакай дар дасти як ҳукумати золим қарор дорад ва бо гумони ғолиб шиканҷа мешавад?

А.С.: Ҳоло ҳукумати кишвар бояд тамоми маълумотро дар дастрасӣ қарор диҳад. Додрас ин қарорро шахсан қабул кардааст. Мо ҳақи баррасии он ё шикоят аз болои онро надорем.

Паём: Ҳоло дар бораи мизоҷи шумо маълумоте ҳаст?

А.С.: На, ҳукумат ҳеҷ чиз намегӯяд.

Паём: Ҳоло шумо чӣ кор мехоҳед анҷом диҳед?

А.С. Ман каме худро гум кардаам, вале талаби додгоҳ дақиқ аст — маро муваззаф карданд, то ҳама чизеро, ки дар ариза навиштам, собит кунам. Алъон ба ҳарфҳо бовар карданд. Чун вакиле, ки ҳама ваколатҳоро соҳибам, ман ҳақ дорам ба ҳимояи манофеъи мизоҷ идома диҳам (ва медиҳам). Набудани ӯ дар кишвар қарордоро бекор намекунад. Вакил аслан барои ҳамин даркор аст. Танҳо бояд фикр кард, ки барои ҳимояи беҳтари манофеъи мизоҷ кадом роҳҳоро бояд истифода бурд. Аз замони боздошт ман дарҳол хатӣ огоҳ кардам, кӯшидам мизоҷро пайдо кунам ва аризаву шикоят навиштам. Ҳоло бояд рӯи хати аврупоии ҳимоя тамаркуз кард.

Паём: Мизоҷ рабуда шудааст. муборизаи минбаъдаи шумо дар гумон аст, ки ба ӯ кӯмак кунад (инро ман чун нафаре мегӯям, ки табиати мақомоти Тоҷикистонро медонад). Ҳадаф аз идомаи мубориза чист?

А.С.: Ман табиати мақомоти Укроинро медонам. Қарори мусбати ДАҲИ дар бораи дилхоҳ хориҷӣ, новобаста аз кишвари баромадаш, дар ҳоле, ки гуфта шавад онҳо ба вазифаи худ хилоф кардаанд, шаппотие бузурге мешавад ва баҳсҳое дар пай дорад. Барои як вақти муайян, шояд ду се сол, додрасҳо хулосаҳои лозимӣ мебароранд ва бо назардошти қарори ДАҲИ алайҳи Укроин, парвандаи паноҳҷӯён аз Осиёи Марказиро бодиққаттар хоҳанд омӯхт. Ҳамин тавр ин бештар ба паноҳҷӯёни дигар рабт мегирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *