Пентагон ба рӯзномаи Волл стрит журнал гуфт, ки Чин дархости Амрико барои дидор миёни вузарои дифоъи ду кишвар дар ҳошияи як нишасти амниятии солона дар Сингапурро рад кардааст.
Дар ин робита, вазорати хориҷаи Чин рафтори Вашингтонро сабаби коҳиши иртибототи низомӣ миёни ду кишвар донистааст.
Ли Шангфу, вазири дифоъи Чин аз соли 2018 ба далели хариди таслиҳоти русӣ дар листи таҳрими Амрико қарор дорад.
Пентагон рӯзи душанбе дар баёнияе ба Волл стрит журнал гуфт: “имшаб Ҷумҳурии халқии Чин ба Иёлоти муттаҳида иттилоъ дод, ки даъвати аввали моҳи майи мо барои дидори вазири дифоъ Луид Остин бо Ли Шангфу вазири дифоъи миллии Ҷумҳурии халқии Чин дар Сингапурро рад кардааст.”
Пентагон гуфт, ки иртиботот миёни вазирони ду кишварро муҳим медонад “то итминон ҳосил шавад, ки рақобатҳо ба сӯи даргирӣ кашида нашавад.”
Вазорати хориҷаи Чин рӯзи сешанбе, Иёлоти муттаҳидаро муқассири тасмими худаш донист ва муддаӣ шуд, ки Вашингтон аз далоили қатъи иртибототи низомӣ ба хубӣ огоҳ аст.
Мау Нинг, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар як нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт: “тарафи Иёлоти муттаҳида бояд фавран иқдомоти иштибоҳи худро ислоҳ кунад, фазо ва шароити лозимро барои гуфтугӯ ва иртиботи байни ду артиш эҷод кунад.”
Луид Остин ва Ли Шангфу барои ширкат дар гуфтугӯи солонаи Шонгарило, ки рӯзи ҷумъа ифтитоҳ мешавад, дар Сингапур хоҳанд буд.