Рубрики Хабарҳо

Вазири хориҷаи Олмон: Укроин дар замони ҷанг узви НАТО нахоҳад шуд

Анналена Барбук, вазири умури хориҷаи Олмон, дар иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО эълом кард, ки мавзӯъи пайвастани Укроин ба ин паймон дар ҳини ҷанг матраҳ нест. Бомдоди панҷшанбе дар пайи ҳамлаи мушакии Русия ба Киев се тан кушта шуданд. 

Дар пайи баҳсҳои феълӣ дар мавриди хости Укроин дар бораи пайвастани сареъи ин кишвар ба паймони НАТО, Анналена Барбук, вазири умури хориҷаи Олмон, ба маҳдудиятҳои феълӣ дар ин замина ба таври возеҳ ишора кард ва дар нишасти вазирони хориҷаи НАТО, ки аз рӯзи чаҳоршанбе (31 май) дар Осло дар ҷараён аст, гуфт: “мо сиёсати дарҳои бозро думбол мекунем аммо дар айни ҳол возеҳ аст, ки наметавонем дар мавриди узвияти ҷадид дар миёнаи ҷанг сӯҳбат кунем.” 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, аз кишварҳои узви НАТО хоста буд то сарони кишварҳои узви ин паймон дар иҷлоси баъдии худ дар моҳи июл, роҳи вуруди кишвараш ба ин эътилофи низомиро боз кунанд. 

Зеленский чунин истидлол мекунад, ки дар ҳоли ҳозир ба нудрат касе ба андозаи сарбозони укроинӣ барои ҳифзи амнияти Аврупо-Атлантик фаъол будааст. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон, кишварҳои узви НАТО монанди Иёлоти муттаҳида Амрико ва Олмон пушти дарҳои баста ба сароҳат эълом кардаанд, ки феълан намехоҳанд тааҳҳуди фаротар аз эъломияи ин эътилоф дар соли 2008 дошта бошанд. Дар он замон сарони вақти НАТО дар мавриди узвияти Укроин ва Гурҷистон дар ин паймон ба тавофуқ расида буданд бидуни он ки замони мушаххасеро барои таҳаққуқи ин манзур қайд кунанд. 

Чанд кушта дар пайи ҳамлаи мушакӣ ба Киев 

Ба гуфтаи мақомоти укроинӣ, соати 3 бомдоди панҷшанбе (якуми июн) дар ҳамлаи мушакии Русия ба Киев тавассути мушакҳои болдори заминӣ, дасти кам се нафар кушта шуданд. Гуфта мешавад як духтарбачаи нуҳсола дар байни кушташудагон будааст. 

Виталий Куличко, шаҳрдори Киев, дар канали телеграмии худ навишт: “тибқи гуфтаи пизишкон, 14 нафар дар манотиқи Днепровский ва Деснянский маҷрӯҳ шудаанд ва 9 тан аз онҳо низ дар бемористон бистарӣ шудаанд.” 

Интиқоли 300 кӯдак аз Белгород ба манотиқи амн 

Дар пайи ҳамалоти низомии мукаррар ба минтақаи марзии Белгород дар Русия, Вячеслав  Гладков, фармондори ин минтақа рӯзи панҷшанбе дар телеграмм эълом кард, ки “300 кӯдак аз Шебекино ва Граверон ба Воронеж мунтақил хоҳанд шуд.” Ӯ гуфт ин тасмим дар пайи”вахимтар шудан”-и вазъият гирифта шудааст. Воронеж дар 250 километрии шимолу шарқии минтақаи Белгород қарор гирифтааст. Ҳафтаи гузашта шибҳинизомиёни мусаллаҳ аз Укроин вориди минтақаи Белгород шуданд ва ин шаҳрро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *