Рубрики Хабарҳо

Усули нави фишор —мусоҳиба назди қабри модар

(акс аз ҷанозаи модари Абдусаттор Бобоев)

Кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил  усули нави фишор болои фаъолони мухолифро кашф кардаанд. Онҳо бародари яке аз фаъолони мухолифро маҷбур кардаанд назди қабри модараш ба бародараш муроҷиъати видеоӣ кунад ва ӯро ба ватан хонад.

Бобоев Сайидаҳмад, бародари узви Раёсати олии ҲНИТ Абдусаттор Бобоев як ҳафта қабл аз тарафи кормнадони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (РМҶМ-УБОП) ба қабристон бурда шуд. Ӯро маҷбур карданд сари қабри модараш ба бародараш муроҷиъати видеоӣ намояд ва ӯро даъват ба даст кашидан аз мубориза ва баргаштан ба ватан кунад. Эътирози Сайидаҳмад мабнӣ бар ин ки дуруст нест сари қабри модар чунин кореро анҷом дод, боис шуд кормандони пулис таҳқирҳои бузургтари лафзӣ алайҳи ӯ истифода кунанд. Камтарин таҳқире, ки нисбаташ карданд ин буда, ки “хоҳаронатро меорем ва сарашонро луч карда ба навор мегирем”.

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилро  Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, ҷияни вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол Раёсакти кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохила, ки онро дӯсти Рустами Эмомалӣ Шоҳрух Саидзода раҳбарӣ мекунад, ба баргардонидани мухолифон машғул аст. Ба назар мерасад нақши кулчадеҳро ин Раёсат ва нақши қамчинзанро РМҶМ иҷро мекунад.

Субҳи имрӯз хоҳари Абдусаттор Бобоев — Моҳишамс Бобоеваро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба идораашон бурданд. то ҳол аз ин ки Моҳишамс ба хонааш баргаштааст ё на, хабаре нест.

Қаблан ҳам мақомот Тоҷикистон болои ин хонавода чунин намуд фишорҳоро раво дида буданд. Дар бораи яке аз чунин фишорҳо Паём иттило дода буд.

Рӯзи 16 августи соли 2017 модари Эшони Абдусаттор, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, аз дунё гузашта буд. Ҳамагӣ ду рӯз пас -18-август кормандони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаи маййит омада, хоҳар ва ду бародари Эшони Абдусатторро ба идораи ин Кумита бурданд.

Баъди бозпурсӣ хоҳари Эшон Бобоева Моҳишамс ва бародараш Бобоев Сайидисҳоқро ҷавоб доданд, вале додари калониаш Бобоев Фазлиддин то бегоҳ дар боздошт қарор дошт. Вақте бегоҳ Фазлиддинро ҳам ҷавоб доданд, маълум гардид, ки сахт латукӯб шудааст.

Мусибати хонаводаи модаргумкарда бо ин тамом нашуд. Баъди як соати раҳоӣ, Фазлиддин дубора аз тарафи кормандони КДАМ боздошт ба бахши КДАМ дар ҷамоъати Чортути ноҳияи Рӯдакӣ бурда шуд.

Қабл аз ин, вақте Бобоева Моҳишамс ҳангоми дар табобат қарор доштани модараш дар Теҳрон, мехост ба онҷо сафар кунад, бидуни ҳеҷ далел ва айбе аз фурӯдгоҳ бозпас гардонида шуд.

Боздошти мусибатзадагон аз хонаводаи маййит аз тарафи КДАМ бори аввал нест. Барои мисол, наздикони Абдусатторов Абдусамад, узви дигари ҲНИТ баъди даргузашти модараш аз хонаводаи ӯ боздошт ва бозпурсӣ шуда буданд. Гуфтанист, ки модари Абдусамад баъди фишору бозпурсӣ ва таҳдиди кормандони Кумитаи амният аз фишори баланди хун ва сактаи дил вафот карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *