Рубрики Хабарҳо

Лавров баъди Бурундиву Мозамбик ба Тоҷикистон меояд

Қарор аст Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия баъди турнеи африқоии худ, ки дар он аз кишварҳое мисли Бурунди ва Мозамбик дидан кард, имрӯз, 5 июн бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шавад. Сафари Лавров ба Душанбе дар ҳолест, ки беш аз ду ҳафта аст дар Русия муҳоҷирони тоҷик таҳти таъқиби шадид қарор доранд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии ВКХ Русия, сафари Лавров ба Тоҷикистон дурӯза аст.

Баъди ҳамлаи Русия ба Укроин ва таҳрими ин кишвар аз ҷониби Ғарб ва кишварҳои демократии дигар, сафарҳои хориҷии Раҳмон бо Африқову Осиёи Марказӣ маҳдуд шудааст. Танҳо дар соли ҷорӣ ӯ се турне ба Африқо дошт.  

Дар ҷараёни сафари Лавров ба Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба нақша гирифта шудааст.

Ба гузориши сафорати Русия дар Тоҷикистон, зимни вохӯриҳо масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарии Маскаву Душанбе баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ба масъалаи густариши минбаъдаи ҳамоҳангсозиии амал байни Русия ва Тоҷикистон дар майдонҳои асосии бисёрҷониба бо шумули СААД, ИДМ, СҲШ, инчунин СММ, САҲА ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *