Рубрики Хабарҳо

Раҳмон имрӯз бори аввал намоз мегузорад?

Имрӯз, 8 июн вуруди амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон дар назар аст. Интизор меравад ӯ ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калонтарин масҷиди Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад.

Тибқи иттилоъи «Азия-Плюс» бо истинод ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ифтитоҳи деринтизори масҷид пеш аз намози асри имрӯз бо ширкати раҳбари ду давлат дар назар аст.

“Пас аз кушодашавӣ ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар масҷиди нав намоз мегузоранд”, — гуфтааст манбаъ аз Кумитаи дин. Ин дар ҳолест, ки то ҳол ҳеҷ навор ё хабаре дар бораи намоз хондани Раҳмон дар кишвар нашр нашудааст. Ягона акси намозгузории ӯ, ки дастрас аст, дар Масҷуд-ул-Ҳароми Макка замони иҷрои маросими ҳаҷ аз тарафи ӯ ва хонаводааш мебошад.

Сафари амири Қатар дар Тоҷикистон ду рӯз идома мекунад.

Дар робита ба ин сафар, рӯзҳои 8-9-июн ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар Душанбе гуфтааст, дар робита ба ташрифи амири давлати Қатар рӯзҳои 8-9-уми июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар соатҳои муайяншуда, тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, хиёбонҳои А. Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ, Х.Шерозӣ ва кӯчаи Карамов муваққатан манъ карда мешавад.

Гуфтанист, амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Миёна, қабл аз сафараш ба Тоҷикистон, аз Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дидан кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *