Иттилои ахир дар бораи раванди густардае аз боздошти муҳоҷирони корӣ дар Русия ин буд, ки дар охири ҳафтаи гузашта сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, коргарони муҳоҷири боздоштшуда дар ҳавзаи шаҳрии Котелникии вилояти Маскави ин кишвар озод шудаанд.
Сафорати Тоҷикистон тайи изҳороте гуфт, ин муҳоҷирони боздоштшуда пас аз санҷиши асноди будубоши онҳо дар Русия аз тарафи мақомоти пулис шудаанд. Ба иттилои радиои “Озодӣ”, изҳороти сафорати Тоҷикистон мушаххас накардааст, ки чанд нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик боздошт шудаанд ва далели ин боздошти густардаи онҳо чист. Ҳол он ки теъдоди онҳо беш аз гуфта мешуданд. Аммо мақомоти сафорати Тоҷикистон гуфтаанд, масъалаи боздошти дастаҷамъии муҳоҷирини кориро пайгирӣ менамоянд.
Бояд гуфт, боздошти густардаи муҳоҷирон ва қабл аз он озору азият ва латукӯби донишҷӯёни пас аз муроҷиати видеоии сокинони шаҳраки Котелникии вилояти Маскав ба , раисҷумҳури Русия шуруъ шуд. Ин занҳо дар он муроҷиаташон мегуфтанд, муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар минтақаи онҳо анклава месозанд. Ҳамчунин ин шаҳрвандони рус иддао доштанд, ки дар хонаҳо онҳо ба теъдоди зиёд зиндагӣ менамоянд ва дар зимни гаштугузор ба сӯйи духтарони ноболиғ гап мепартоянд, ки ин амали муҳоҷирон сокинони русро нигарон кардааст.
Эҳзор буд ё илтимосу даъват ва ё вокуниш?
Дар пайи ин муроҷиати онҳо боздошти густарда ва тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскаву вилояти атрофи он шуруъ шуд, ки мунҷар ба вокуниши мақомоти тоҷик гашт. Дар ин раванд бо даъвати сафири Русия дар кишвар ин ҳаводисро мояи нигаронӣ хонд. Ҳамчунин ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, , вазири умури дохилии кишвар низ аз ҳамтои русаш хоҳиш кардааст, то қазияи боздошти муҳоҷирини кории тоҷикро холисона баррасӣ намоянд.
, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ бо “латукӯби бераҳмона” хондани амали нерӯҳои ОМОН-и Русия дар қиболи донишҷӯёни тоҷик аз ҳамтои русаш хоҳиш намудааст, то ба тафтиши холисонаи амали ғайриқонунии нерӯҳои пулиси рус мусоидат намояд.
Агар баррасиро дар ин маврид аз ба истилоҳ вокуниши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шуруъ кунем, мантиқитар аст, зеро он аз аввалин ниҳодҳои Тоҷикистон буд, ки ба масъала вокуниш кард. Дуруст аст, ки Вазорати умури хориҷӣ чунин рафтор алайҳи муҳоҷиронро мояи нигаронӣ хонд, аммо ҳамзамон эълон кард, ки мақомоти он бо сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев анҷом додааст.
Дар дипломатияи муосир мавқеъҳои истилоҳҳои “мулоқот” ва “эҳзор”-у “даъват” аз ҳам мутафовитанд. Дар ҳолате ки иттифоқ уфтод, агар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба қудрати кишвар бовар медошт, сафири Русияро эҳзор мекард, зеро барои мулоқот кас даъват мешавад ва миёни “даъват”-у “эҳзор” дар урфи дипломатӣ аст. Ба иборати дигар зери унвони “эҳзор” қудрати як кишвар нуҳуфтааст, ки дар қиболи амалкарде буруз мекунад.
Соири ниҳодҳои кишвар, ки ба қазия гӯё дахолат карданд, дахолати онҳо хоҳишу илтимос ва умедворие беш набудааст, ки албатта, ин гуна амалҳо дар сурати заъф ва ночорӣ дар илоҷи коре сурат мегиранд. Аз ин рӯст, ки ин “вокуниш”-и мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳич натиҷае надода ва ба иттилои манобеи муътамад дар Русия, ҳоло ҳам таъқибу фишор болои муҳоҷирини тоҷик идома дорад.
Сиёсати дарҳои боз ё манфиати хонавода?
Бояд гуфт, барои бори аввал нест, ки бо вуҷуди мушкилоти доимии муҳоҷирони кории тоҷик онҳо ҳадафи фишори мақомоти рус бинобар сиёсатҳои хонаводаӣ дар Тоҷикистон қарор мегиранд. Барои бори аввал чунин дар пайи боздошти халабонони рус дар Тоҷикистон дар соли 2011 сурат гирифта буд. Дар он замон дар мавриди пайвандии ин қазия ба боздошти Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳан” ва ҳамзамон аз наздикони президенти Тоҷикистон дар расонаҳо мунташир шуда буданд. Иттифоқан Додгоҳи шаҳрии Маскав дар , пас аз он ки халабонҳои русу эстонӣ дар тирамоҳи соли 2011 озод шуданд, Ҳукумови хурдиро озод кард. Ҳол он ки Рустам Ҳукумов дар соли 2008 дар вилояти Маскави Русия ба гумони даст доштан дар кочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд. Таҳқиқи парвандаи ӯ ва ҳамроҳонаш ду сол давом кард, ки моҳи сентябри соли 2010 додгоҳи ноҳияи Шелковои вилояти Маскав ӯро ба 9,5 соли зиндон карда буд. Аммо ранҷи ин ҳамаро муҳоҷирони кашиданд. Он замон на танҳо мақомоти рус болои муҳоҷирин фишор ворид карданд, балки Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус раиси онро таҳдид низ намуданд, то ба ёд биёрад, ки соли 1992 ба кумаки кӣ сари қудрат омада буд. Ба ҳамин далел буд, ки Тоҷикистон зери фишори ҷиддии қарор гирифт.
Иттифоқи ахир ҳам замоне зоҳир шуд, ки тавофуқи Тоҷикистон дар заминаи ба даст овардани бастаи миёни ин ду кишвар эълон шуд. Як рӯз қабл аз он низ гуфта мешуд, ки Тоҷикистон 500 миллион доллар аз ба унвони қарзи имтиёзнок ба даст хоҳад овард. Ин дар ҳоле буд, ки қабл аз баргузории дидори сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин расонаҳо мегуфтанд, пас аз заиф шудани Русия дар ҷанги Украина кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Чин рӯ хоҳанд овард. Зимнан дар ин ёдоварӣ аз шикваи аз Путин дар тирамоҳи соли гузашта низ ба маврид аст, ки ӯ гуфт, таваҷҷуҳи Русия ба кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст. Аммо дар он ҷо ва пас аз низ Русия ҳич майле ба хоҳиши Раҳмон зоҳир накард. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати фақире чун ҳукумати Тоҷикистон бар асоси сиёсати дарҳои бозе, ки дорад, дар солҳои охир манофеи молияшро бештар тарҷеҳ медиҳад. Ҳол он ки , бо оғози сиёсатҳои чинӣ барои тавсеаи забону фарҳанги он дар Ӯзбакистон Тоҷикистон ба Русия такя кард, ки ин иқдом дар фарохонии муаллимони рус, тавсеи омӯзиши забони русӣ, бунёди макотиби русӣ дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон зоҳир гашт.
Дуруст аст, ки Чину Русия дар сиёсати ҷаҳонӣ гоҳе ба унвони шарик зоҳир мешаванд. Аммо ин шарокати онҳо дар нисбати Осиёи Марказӣ мутафовит аст. Онҳо дар робита ба ин минтақа ҳатто рақиб ҳам дониста мешаванд. Осиёи Марказиро, ки ҳанӯз аз замони Русияи подшоҳӣ зери таъсири Маскав қарор дорад, Кремл ба ҳич як шарикаш дар сиёсати байналмилалӣ доданӣ нест. Як мутолиаи сарсарии расонаҳои ҳукуматии Русия барои дарки ин масъала кофист. Аммо манфиати хонавода ва ҳирси дарёфти кумакҳое, ки ҷомеаи Тоҷикистон онҳоро эҳсос наменамояд, миллатро дар варта қарор дода ва дар хориҷ аз кишвар ҷабри “сиёсати хирадмандона”-ро шаҳрвандон мекашанд. Дар ин зимн суол ин аст, ки чаро Тоҷикистон барои бозгардондани коргарони муҳоҷир аз Русия талош намекунад? Чаро ҳиҷрати кории тоҷикон ба дигар мамолик вусъат намегирад? Ва умуман чаро болои ин қишр таваҷҷуҳи қобили мулоҳизае сурат намегирад?
Аз карнайчӣ як пӯф
Барои аввалин бор Эмомалӣ Раҳмон дар поёни соли 2019 ба масъалаи муҳоҷират таваҷҷуҳ кард. Ӯ дар паёмаш ба маҷлисҳои Тоҷикистон ҳиҷрати кории муҳоҷирон ба Русияро ба риштаи қиёс кашида гуфт, аз соли 2010 то соли 2019 теъдоди муҳоҷирини корӣ коҳиш ёфтааст. Ӯ теъдоди муҳоҷирони меҳнатиро он замон 480 ҳазор нафар гуфта буд. Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки ҳамасола 100 ҳазор ҷои корӣ дар Тоҷикистон фароҳам шавад.
Тибқи додаҳои омории Тоҷикистон нерӯи кории кишвар дар соли 2022 нафар буд. Агар солҳои 2020, 2021 ва 2022 садҳазорӣ ҷойи кор фароҳам мешуд, теъдоди онҳо дар Тоҷикистон то имрӯз ба 300 ҳазор ҷойи кор бояд мерасид. Дар ҳамин ҳол, афзоиши солонаи нерӯи корӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба дарсади афзоиши нерӯи корӣ дар як сол 2.6 дарсади 2,8 миллион 72 ҳазору 800 нафар мешавад ва тайи ин се сол агар ин рақам бояд ба 218 ҳазору 400 нафар расида бошад, ки бо он 480 ҳазор нафар муҳоҷири ёднамудаи қаблии раисҷумҳур зам шавад, ин ҳисоб 698 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба супориши президент барои ташкили ҷойҳои корӣ дар як сол ва ҳамчунин гузашти замон агар ин шумораро ҷамъу тарҳ намоем, то поёни соли 2022 бояд мо 398 ҳазору 400 нафар муҳоҷир медоштем. Аммо бубинед, ки теъдоди муҳоҷирини корӣ ба Русия тай ин солҳо на кам, балки ба эътирофи худи президент афзудааст. Раисҷумҳур дар тирамоҳи соли гузашта теъдоди афроди муҳоҷир дар Русия на камтар аз нафар гуфт. Ҳол он ки Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки ӯ низ дар ҳамон нишаст ҳузур дошт, як моҳ қабл аз баргузории нишасти Остонаи Қазоқистон, дар моҳи сенятбри соли 2022 гуфта буд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2021 патенти корӣ дар Русия гирифтааст. Гузашта аз ин дар Русия муҳоҷирини тоҷики бидуни муҷаввизи корӣ ва ҳамчунин асноди марбути иқомат зиёданд. Изофа бар ин мо дар кишварҳое назири Амрико, Англия ва дигар кишварҳои аврупоӣ, Дубай ва Қазоқистон низ муҳоҷири корӣ дорем. Онҳо паноҳандаи сиёсӣ нестанд, балки чун тоҷикони муҳоҷир дар Русия ба ин кишварҳо барои дарёфти кори муносиб рафтаанду боз ба кишвар бармегарданд.
Бояд гуфт, соли 2021 замоне буд, ки маҳдудиятҳои ковидӣ тоза бардошта мешуданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳоло ин рақам дар Русия ба маротиб бештар аз оне шудааст, ки қаблан гуфта мешуд. Ҳол он ки дар ин шабу рӯз, дар ҳоле ки Русия дар Украина меҷангад, аз афзоиши ҳамарӯзаи муоҷирони тоҷик хабар медиҳанд.
Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти мо, бахусус президенти кишвар аз воқеияти ҳиҷрати кории тоҷикон дар Русия ба хубӣ огаҳ нест.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама газофҳои ҳукумат дар робита ба ташкили ҷойҳои корӣ дар кишвар идома доранд. Зимнан бар асоси “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон”, то соли 2023 бояд дар Тоҷикистон 221 ҳазор ҷойи корӣ бунёд шавад. Мутобиқ ба таҳлили хабаргузории , ҳукумат умедвор аст, ки бештаре аз ин ҷойҳои корӣ аз тарафи худи ҷомеа эҷод мешаванд. Хуб, бо чунин умедворӣ чӣ гуна давлат метавонад масъалаи муҳоҷиратро ҳал кунад? Дар ҷомеа кӣ ҷойи кор меофарад? Албатта, соҳибкор. Аммо вақте 63,7 дарсади даромади соҳибкор ба унвони андоз гирифта мешавад, магар ӯ барои эҷоди ҷойи кор талош менамояд?
Фасод ва хоҷаҳо — заъфи Тоҷикистон
Бояд гуфт, воқеан, дар зоҳир аз тарафи Тоҷикистон талошҳое барои ба ғайр аз Русия ба дигар кишварҳо фиристодани нерӯи кории тоҷик сурат мегиранд. Ба унвони мисол, чанд сол боз аст, ки Тоҷикистону Қатар дар ин замина гуфтугӯ доранд. Ҳамчунин чунин иқдомоте аз ҳукумати кишвар бо кишварҳое назири Лаҳистон, Англия, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ ба чашм мерасанд. Аммо аз сабаби он ки дар Тоҷикистон фасоди молӣ хеле решаи амиқ давондааст, ба назар мерасад, ки ҳукумат ба фикри пур кардани ҷайби азизонаш аст, на наҷоти муҳоҷирон аз Русия ва азобҳои он. Зеро барои ба ин кишварҳо рафтан пули зиёде масраф мешавад, нафарони хоҳишманди муҳоҷират ба он ҷо тавони пардохти онро надоранд.
Масалан, қабл аз он ки сафарбарии муҳоҷирони кории тоҷик ба Англия аз Тоҷикистон шуруъ шавад, ин бозор дар дасти русҳо буд. Ба ин маънӣ, ки ширкатҳои русӣ тоҷиконро ба Англия барои кор мебурданд, аммо пас аз оғози ҷанг дар Украина русҳо ин имконро аз даст доданд. Замоне ки русҳо тоҷиконро ба Англия кор мебурданд, масрафи он то дарёфти виза ҳудуди 30 ҳазор рубли русӣ буд. Аммо ҳоло ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба он ҷо мераванд, ин масраф чанд пул аст? Ба таъйиди ду манбаи муътамад аз Тоҷикистон, ҳоло масраф барои ба Англия барои кор рафтан ҳудуди 2000 доллар аст. Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилои манобеъ, ба дигар кишварҳои урупоӣ кор рафтан аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ масраф дорад. Ин ҳама харҷро, албатта, то харидории билет ва гирифтани виза муҳоҷир хоҳад пардохт. Чанде қабл як масъули Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷи Вазорати шуғли аҳолӣ, меҳнат ва муҳоҷиратро дар ин пайванд боздошт намуданд, аммо зоҳиран қазия ҳалли худро наёфтааст.Ба ҳамин далелҳост, ки Тоҷикистон наметавонад худро аз зери истеъмори Русия наҷот диҳад. Ҳисоботи хушку холӣ дар робита ба ташкили ҷойҳои корӣ ҳич бунёде надоранд, зеро агар чунин буд, аз соли 2015, аз замоне ки пешгирии пайвастани ҷавонон ба ДОИШ ранги ҷиддӣ гирифт, натаҷаи мусбат медоданд. Аз ин рӯ, вокунишҳо дар қиболи иқдомоти Русия зоҳирӣ ва маҳзункунанда ҳастанд. Ин гуна вокунишҳо ба хотири ором кардани ҷомеа, ки ҳамеша пас аз чунин бархӯрдҳои Русия дар расонаҳои иҷтимоӣ таркишеро ба вуҷуд меоранд, роҳандозӣ мешаванд. Аз дигар тараф мақомот бо вокуниш кардан мехоҳанд таваҷҷуҳи ҷомеаро аз қазияи аслӣ — иштибоҳи ҳукумат дур кунанд. Иштибоҳи ҳукумат дар ин мақтаи замонӣ такя ба Чин ва дарёфти пул аз он буд, ки Русия Тоҷикистонро ҳушдор дод, то берун аз кӯрпа по наниҳад, ки лашкари гуруснаи он дар Русия машғули кор аст. Аммо “мутафаккир”-и “сиёсатҳои хирадмандона” фаромӯш кардааст, ки аз соли ба ин сӯ мубаллиғи сиёсати русӣ буда, дар замоне ки заъфи Русия дар Осиёи Марказӣ гуфта мешавад, мехоҳад аз “зиракии сиёсӣ” кор бигирад, ки ранҷи ин ҳама гардишҳои сиёсии дар зоҳир хирадмандонаро муҳоҷирон хоҳанд таҳаммул кард.