Ҳукумати Тоҷикистон музокира бо ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаиро барои ҷалби манбаъҳои молии мавриди ниёз дар барномаи насби ҳисобкунакҳои ҳушманди барқ оғоз кардааст.
Тавре сомонаи Авесто иттилоъ медиҳад, ҳукумати Тоҷикистон музокира бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки сармоягузории зербиноии Осиё ва чанд ниҳоди молии байналмилалии дигарро оғоз кардааст.
Дар Тоҷикистон як миллиону 600 дастгоҳи ҳисобкунакҳои барқ вуҷуд дорад, ки бояд дар марҳилаи нахуст 50 дарсади таҷҳизот иваз шавад.
То ба ҳол Бонки рушди Осиё барои ин барнома 130 миллион доллар кумаки ройгони молӣ ихтисос додааст.
Мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик мегӯянд, ки аз ҳисоби насби ҳисобкунакҳои ҳушманди барқ дар вилояти Суғд ва бархе аз ноҳияҳои марказии ин кишвар аз исрофи беш аз 19 дарсад барқ ҷилавгирӣ кардаанд.
Бар асоси муқаррарот, муштаракони барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ маблағи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати давлатии Барқи Тоҷик пардохт кунанд ва интиқоли барқ ба манзилҳои сокинон фақат бо доштани корти махсуси пардохти ҳазинаи хадамот имконпазир хоҳад буд.
Агар муштариён сари вақт барои пардохти маблағи барқи масрафӣ иқдом накунанд, тайи 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ карда мешавад.