Рубрики Хабарҳо

Дархости ҷунбиши ”Ҷиҳоди исломӣ” аз давлати Фаластин барои хурӯҷ аз Иттиҳодия Араб

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши “Ҷиҳоди исломӣ” тайи баёнияе аз давлати Фаластин дархост кард то аз Иттиҳодия Араб хориҷ шавад. 

Муҳаммад Ал-Ҳиндӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши “Ҷиҳоди исломӣ” тайи баёнияе аз давлати Фаластин дархост кард то аз Иттиҳодияи Араб хориҷ шавад. 

Ал-Ҳиндӣ дар ин баёния изҳор дошт: «давлати Фаластинро ба хурӯҷ аз Иттиҳодияи Араб даъват мекунем. Зеро ин иттиҳодия дар ҳоли ҳозир намояндаи давлатҳое аст, ки Фаластинро раҳо карда, Исроилро дар оғӯш гирифта ва бо маҳкумияти оддисозии равобит бо ин кишвар мухолифат мекунанд». 

Ал-Ҳиндӣ ҳамчунин тасреҳ кард, ки режимҳои кишварҳои араб ҳамеша намояндагии мардумҳои худро, ки ба Фаластин вафодор ҳастанд бар ӯҳда надоранд. 

Гуфтанист як дипломати Фаластинӣ, ки нахост номш фош шавад пештар ба хабаргузории Анатолии Туркия гуфтааст, ки Иттиҳодия Араб дар саду панҷоҳу чаҳорумин нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узв пешнависи тарҳи пешниҳоди Фаластин дар маҳкумияти тавофуқи оддисозии равобити Аморот муттаҳида арабӣ бо Исроилро рад кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *