Рубрики Хабарҳо

ММД Тоҷикистонро 127,3 млрд пешбинӣ мекунанд. Воқеъӣ ё бо изофанависӣ?

Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли ояндаро 127,3 миллиард сомонӣ (12,4 миллиард доллар) пешбинӣ кардааст. Рушди воқеии иқтисодӣ дар соли 2023 бошад 7,8% пешбинӣ мешавад.

Тибқи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 79,3 миллиард сомонӣ (беш аз 7,7 миллиард доллар) шакл гирифтааст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8% афзоиш ёфтааст.

Дар сохтори ММД дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ 25,5 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 17,7 фоиз, гардиши савдои чакана 15 фоиз, хизматрасониҳои дигар 17,4 фоиз бартарӣ доштанд.

Тибқи омор, ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо афзоиши 7,8% 33 миллиарду 563,6 миллион сомонӣ (ҳудуди 3,3 миллиард доллар) будааст.

Ин нишондиханда дар саноат нисбат ба соли гузашта 18 фоиз афзуда, беш аз 30 миллиард сомониро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ба додаҳои мақомоти Тоҷикистон бинобар вуҷуди дасткории зиёд дар омор ва изофанависиҳо бо шубҳа менигаранд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Тоҷикистон қасд доранд дар даҳсолаҳои наздик ин кишварро ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ-аграрӣ табдил диҳанд.

Яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гузаштани модели рушди Тоҷикистон аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ мебошад.

Аммо ин тасмим бори савум аст, ки гирифта мешавад, аммо на танҳо саноат рушд накардааст, балки балки бахши кишоварзӣ ҳам рӯ ба таназзул буда, воридоти маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол бештар мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *