Вазорати дороии Амрико 15 нафткаши муртабит бо ширкати миллии нафткаши Эронро ба феҳристи таҳримҳо изофа кардааст. Ҳамзамон Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе гузоришҳо аз эҳтимоли расидан ба як тавофуқи муваққат бо Эрон дар ояндаи наздикро рад кард.
Дафтари контроли дороиҳои хориҷии вазорати дороии Амрико, ки ниҳоди нозир бар вазъ ва иҷрои таҳримҳое аст, эълом кардааст, ки 15 нафткаши муртабит бо ширкати миллии нафткаши Эрон шомили таҳримҳо шудаанд.
Як сухангӯи амнияти миллии Кохи Сафед ҳам бо ишора ба гузоришҳо дар бораи тавофуқ онро “ғалат ва гумроҳкунанда” хонд.
Дар гузориши расонаҳо ба ду манбаъ шахсияташон зикр нашудааст, гуфта мешуд, ки Эрон ва Амрико дар остонаи як тавофуқи муваққат барои рафъи бархе таҳримҳо дар баробари маҳдудияти ғанисозии ураниум дар Эрон ҳастанд.
Сухангӯи амнияти миллии Кохи Сафед гуфт “ҳар гузорише дар бораи ҳар чунин тавофуқи муваққат нодуруст аст.”
Ба гузориши Рейтерз намояндагии Эрон дар Созмони милал ҳам дар бораи ин гузориш ибрози тардид кард ва гуфт: “изҳори назари мо ҳам ҳамон аст, ки Кохи Сафед баён кард.”
Рӯзномаи исроилии Ҳоаретс ҳам рӯзи чаҳоршанбе гузориш кард, ки арзёбии мақомҳои исроилӣ он аст, ки расидани Эрон ва Амрико ба як тавофуқи муваққат дар ҳафтаҳои оянда эҳтимоли зиёд дорад.
Дар гузоришҳо гуфта мешуд, ки музокиракунандагони Эрон ва Амрико ба тавофуқи муваққат расидаанд ва онро барои таъйид ба назди мақомҳои дахлдори худ бурдаанд.
Тибқи гузорише, ки Кохи Сафед онро такзиб карда, тавофуқи муваққат эҳтимоли шомили таваққуфи ғанисозии ураниум бо хулуси 60 дарсад ва идомаи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар ивази иҷозаи содирот то як миллион бушкаи нафт дар рӯз аст.
Дар гузориши Ҳоаретс бо истинод ба арзёбии мақомҳои дифоъии Исроил аз пешрафти сареъи музокироти Эрон ва Амрико, омада буд, ки агар тавофуқи муваққати Эрон ва Амрико иҷроӣ шавад, дар марҳалаи аввал дар ивази таваққуфи ғанисозии ураниум бо хулуси боло, ҳудуди 20 миллиард доллар аз дороиҳои Эрон дар Кореяи ҷанубӣ, Ироқ ва Сандуқи байналмилалии пул озод хоҳад шуд.
Озодии чанд зиндонии аврупоӣ ва дутобъиятӣ дар баробари озодии дипломати эронӣ, ки барои тавтеаи бомбагузорӣ дар Аврупо муҷрим шинохта шуда буд аз ҷумла нишонаҳое ҳастанд, ки дар маҳфилҳои дипломатик ва расонаӣ ба гумоназанӣ дар бораи тавофуқ байни Эрону Амрико доман задааст.
Чанд рӯз пеш Веб-сайти Axios гузориш дод, ки Барт Макгурк, мушовири Ҷо Байден дар умури Ховари Миёна, чанд ҳафта пеш ба Уммон сафар карда то роҳи ҳалҳои дипломатики эҳтимолӣ барои маҳдудияти барномаи ҳастаии Эронро ба баҳс бигузорад.
Financial Times ҳам гуфтаи Роберт Мэлли, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон ахиран чандин бор бо амир Саид Ирвонӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони милали муттаҳид дидор кардааст.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, ба тозагӣ гуфта дар мавридҳое инъитоф (гибкост) лозим аст.
Дар таҳаввули дигар Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефонӣ бо Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико, ҳушдор додааст, ки ҳеҷ тавофуқе бо Эрон монеъи барномаи атомии ин кишвар нахоҳад шуд.
Ба гузориши расонаҳои исроили ӯ афзуд: “Исроил худро пойбанди ҳеҷ навъи тавофуқе, ки бо Эрон ҳосил шавад нахоҳад донист, ва ҳар чӣ дар тавон дорад барои дифоъ аз худ анҷом хоҳад дод.”
Нигарониҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Ожонс
Рӯзи гузашта Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба таври мутақобил аз якдигар интиқод карданд.
Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияе аз идомаи шубҳаҳои Ожонс дар бораи барномаи атомии Эрон ва наҳваи ҳамкории ин кишвар бо бозрасони Ожонс “нигаронии ҷиддӣ” иброз кард.
Баёнияи Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон интиқод мекард, ки дар бораи озмоиши инфиҷорӣ тавзеҳоте ба Ожанс дода, ки аз назари фаннӣ ғайримуътабар арзёбӣ шудаанд.
Аврупо ҳамчунин аз эҳтимоли вуҷуди марокиз ё таҷҳизоти олуда ба маводи ҳастаии хориҷ аз доираи иттилооти Ожонс ибрози нигаронӣ кард.
Рафаел Гроси, мудири кулли Ожанс, дар рӯзҳои ахир гуфтааст дар ҳамкорӣ бо Эрон, пешрафтҳое ҳосил шуда, аммо гуфта ба ӯ ин пешрафтҳо ба андоза мавриди интизораш набуданд.
Дар муқобил намояндаи Эрон дар Ожонс ҳам аз баёнияи Иттиҳодияи Аврупо интиқод кард ва аз қудратҳои аврупоӣ хост ба “роҳи ҳали дӯстона” кумак кунанд.