Рубрики Хабарҳо

Пас аз пирӯзӣ дар Душанбе ҷудокорони тоҷик ба Остона мераванд

Пас аз пирӯзӣ дар Гранд-Прии Душанбе ҷудокорони тоҷик ба Қазоқистон мераванд то дастовардҳои худро ҳимоя кунанд. Дар Остона, пойтахти Қазоқистон рӯзи 16 июн Мусобиқаи навбатии Grand Slam-и Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) оғоз мешавад.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон , Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд.

Дар ин мусобиқа 350 ҷудокор (200 мард ва 150 зан) аз 46 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Дар давоми 3 рӯз варзишгарон барои дарёфти 14 маҷмӯи медалҳо қувваозмоӣ мекунанд.

16 июн — мардон дар вазни то 60 ва 66 кг, занон – дар вазни то 48, 52 ва 57 кг.

17 июн мардон дар вазни то 73 ва 81 кг, занон — дар вазни то 63 ва 70 кг.

18 июн мардон дар вазни то 90, 100 ва зиёда аз 100 кг, занон – дар вазни то 78 ва зиёда аз 78 кг.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа:

— 60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев

— 66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов

— 81 кг – Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев

— 90 кг – Умедҷон Раҷабов

— 100 кг – Исроил  Раҳимов

+ 100 кг – Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов.

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 150 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 5 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра — бо 3 ҳазор евро ва биринҷӣ — бо 1,5 ҳазор евро мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи аввалро ишғол кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *