Чаҳор кӯдаки колумбиягӣ, ки пас аз суқути ҳавопаймояшон дар Амазонка гум шуда буданд, бомдоди рӯзи шанбе баъд аз ҳудуди 40 рӯз зинда пайдо шуданд. Ин дар шароите аст, ки ҷон ба дар бурдани онҳо аз ҷангалҳои боронӣ ва хатарноки Амазонка нозиронро шигифтзада кардааст.
Як ҳавопаймои сабук аз навъи “Cessna 206”, ки ҳомили чаҳор кӯдаки 13, 9, 4 ва 1 сола ба ҳамроҳи модарашон буд, моҳи гузашта дар устони Какутаи Колумбия суқут кард. Дар ҳоле, ки ҷасади модари онон ба ҳамроҳи ду фарди бумӣ дар лошаи ҳавопаймо пайдо шуд, хабаре аз аҷсоди фарзандон набуд ва ба ҳамин хотир як амалиёти ҷустуҷӯии густурда аз сӯи артиши Колумбия ба роҳ афтод.
Аммо кӯдакон дар ин 40 рӯз чӣ кор мекарданд ва чигуна тавонистанд дар ҷангалҳои пур аз ҳайвоноти даранда ва гиёҳони заҳрнок зинда бимонанд?
Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки бо суқути ҳавопаймо хоҳар ва бародари бузургтар ба лутфи он чи аз бузург шудан дар ҷанглҳои боронӣ омӯхта буданд, муроқибат аз худ ва хоҳару бародари кӯчакро ба ӯҳда гирифтанд.
Ин чаҳор кӯдак қабл аз ин ҳодиса бо волидайни худ дар Араракуара зиндагӣ мекарданд, шаҳре дар қалби ҷангалҳои Амазонка, ки даҳаҳо қабл зиндоне барои ҳабси хатарноктарин ҷинояткорон ба ҳисоб меомад.
Он ҷо зиндонён дар фазои боз, дар миёнаи як замини ботлоқӣ, ба сар мебурданд ва ҳар касе мехост фирор кунад ва вориди ҷангал шавад, дар ҳақиқат ҳукми эъдоми худро имзо карда буд. Наслҳои баъдӣ, ки дар ин минтақа ба дунё омаданд, шомили бисёре аз наберагони маҳкумон, ёд гирифтанд, ки чи гуна миёни морҳо, ягуарҳо ва гиёҳони заҳрнок зиндагӣ кунанд.
Лесли 13 сола, ба унвони духтаре мутааллиқ ба қабилаи Ҳиутуту, асрори ҷангалро медонад. Ба гуфтаи амуяш, ӯ медонад чи гуна бо гирифтани пайи нури хуршед дар миёни дарахтон ҷиҳатёбӣ кунад ва масирҳои қобили убур, шохаҳои шикаста ва қорчҳои хӯрокиро ташхис диҳад.
Мардумони бумӣ метавонанд 25 километр дар рӯз бидуни кафш дар ҷангал роҳ бираванд. Лесли бо он омӯзаҳо бузург шуда буд ва тавонист аз он дарсҳо истифода кунад ва дар ниҳоят зиндагии худ ва хоҳару бародаронашро наҷот диҳад.
Ин кӯдакон ибтидо бо хӯрдани ҳар он чи дар ҷангал пайдо мекарданд тавонистанд зинда бимонанд ва сипас ғизои худро аз бастаҳое, ки артиш аз осмон барояшон раҳо карда буд пайдо карданд. Имдодгарон бо кумаки сагҳои ҷустуҷӯгар, меваҳои дуррехта шуда ва сарпаноҳҳои ибтидоии сохташуда бо пӯшиши гиёҳи ҷангалро пайдо карданд.
Дамарис Мокотой, аммаи бачаҳо, ба хабарнигорон гуфтааст: “барпо кардани сарпаноҳҳои кӯчак яке аз бозиҳои замони кӯдакиямон аст. Меваҳои заҳрноки зиёде дар ҷангал вуҷуд дорад ва Лесли медонист чӣ меваҳоеро набояд бихӯранд. Ў ҳамчунин медонист, ки чи гуна аз як навзод муроқибат кунад.”
Дар ҳамон ҳол, ки беш аз 100 нафар аз нерӯҳои вижаи Колумбия ва 70 фарди бумӣ дар амалиёти ҷустуҷӯ ширкат доштанд, кӯдакони гумшуда дар бузургтарин ҷангали боронии рӯйи кураи замин саргардон ба пеш мерафтанд. Дар ин масир бачаҳо бо саге бархӯрд карданд, ки дар канорашон монд ва муддате бо онҳо ҳамроҳӣ кард. Аммо як рӯз дар ҷангал гум шуд ва дигар ҳеҷ хабаре аз ӯ надоштанд.
Дар ҷангали Амазонка, ҳамеша шаб аст, зеро нӯр ба сахтӣ метавонад аз миёни шоху баргҳои захими дарахтон нуфуз кунад. Дар натиҷа фазо он қадар торик аст, ки дидани беш аз 20 метр ҷилави по низ сахт мешавад. Ин бад-ин маънӣ аст, ки агар касе бештар аз ин фосила дур шавад, метавонад барои ҳамеша гум шавад.
Бояд изофа кард, ки якнавохти ҳосил аз қадам задан дар ҷангали торик низ баъд аз муддати кӯтоҳе боис мешавад ақрабакҳои соат маънои худро аз даст бидиҳанд. Як манбаъи низомӣ гуфтааст бачаҳо ба унвони асли асосӣ дар канори ҳам мондаанд ва Лесли бештар авқоти навзодро ҳамл мекардааст.
Ҷустуҷӯ ба қадре тӯл кашид, ки кишвар амалан онҳоро фаромӯш кард. Бо ин ҳол фармондеҳи Санчес гуфта буд “то замоне, ки онҳоро пайдо накунем, намеравем”. Ў мӯътақид буд, ки агар онҳо мурда буданд, тими ҷустуҷӯ аҷсоди онҳоро пайдо мекард.
Дар ҳамин ҳол афроди бумӣ бо маносик ва эътиқодоти хосси худашон, ки даркаш метавонад барои хориҷиҳо сахт бошад, барои сарбозони тими ҷустуҷӯ дуо мекарданд ва аз модари табиат мехостанд ба онҳо иҷозаи вуруд бидиҳад. Барои онҳо ҷангал мавҷуде зинда бо ақл ва иродааст.
Саранҷом пас аз 40 рӯз дар ҷангал, тими ҷустуҷӯии низомӣ ва бумӣ ин чаҳор кӯдакро пайдо карданд. Онҳо дучори суъи тағзия ва хастагӣ буданд, аммо ҷонашон дар хатар набуд ва Лесли дар ҳадафаш муваффақ шуда буд.
Бачаҳо ҳоло дар бемористоне дар Богота, пойтахт, ба сар мебаранд ва қарор аст ду ё се ҳафта дар он ҷо бимонанд. Баъд аз ин наҷоти мӯъҷизаосо, онҳо гуфтаанд, ки дилашон мехоҳад фақат бозӣ кунанд ва овоз бихонанд. Набояд аз ёд бурд, ки алорағми ин кори бузург, онҳо ҳанӯз фақат бача ҳастанд.