Дар як занозании дастаҷамъона байни тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду нафар кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Бархе расонаҳо аз даст доштани Суҳроб Давлатов, варзишгари маъруфи муҳорибаи тан ба тан иттилоъ медиҳанд. Ҳодиса соати сеи шаби 12-уми июни имсол дар назди мағозаи “Монетка” дар Екатеринбург рух дод.
Нашрияи «Коммерсант»-и русӣ менависад занозанӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон барои пули қарз сурат гирифтааст. Ба навиштаи расона, дар ҷараёни муноқиша «ду тоҷик кушта ва ду тоҷики дигар захмӣ шуданд».
Пулиси вилояти Свердловск кушта шудани ду нафарро тасдиқ карда, гуфтааст, муфаттишон аллакай шахсияти ҳардуро муайян кардаанд. Аз кушташудаҳо Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода номбурда мешавад, ки ба гуфтаи пулис, аз зарбаи корд ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи пулис, гумонбарони ин ҷиноят баъд аз ҳодиса Русияро тарк кардаанд.
Фаррух Мирзоев, раиси ҷомеаи тоҷикони Урал, гуфтааст, ки онҳо аллакай дар Қазоқистон боздошт шудаанд, аммо мақомоти тафтишотӣ инро расман тасдиқ накардаанд. Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо навиштаанд дар ин муноқиша Суҳроб Давлатов, варзишгари маъруфи муҳорибаи тан ба тан ҳам ширкат доштааст. Гуфта мешавад, ӯ баъди занозанӣ ба шаҳри Челябинск фирор карда дар хонаи наздиконаш пинҳон шудааст. Аммо баъди чанд соат аз тарафи пулис дастгир ва ба Екатеринбург бурда мешавад.
Ҳанӯз ҳеҷ манбаъи расмӣ даст доштани Давлатов дар муноқишаро тасдиқ накардааст.