Бошгоҳи Асирони фаластинӣ эълом кард, ки ҳудуди 5 ҳазор фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил асир ҳастанд.
Бошгоҳи Асирони фаластинӣ дирӯз душанбе тайи гузорише эълом кард, ки ҳудуди 5 ҳазор асири фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил ба сар мебаранд.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст: “дар миёни онҳо 31 зан, 160 кӯдаку навҷавон ва 17 рӯзноманигор низ ҳастанд. Ҳамчунин 23 асир аз оғози паймони Осло (соли 1993) дар банди Исроил ҳастанд.
Аз оғози соли 1967 то кунун 237 асир ба шаҳодат расида ва Исроил ҷасади 12 нафар аз онҳоро нигаҳдорӣ мекунад.
Беш аз 700 нафар аз асирони фаластинӣ мубтало ба бемориҳои мухталиф ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир 1083 нафар аз фаластиниён мавриди боздошти идорӣ қарор гирифтаанд”.
Исроил дар чорчуби қонуни боздошти идорӣ метавонад фаластиниҳоро бидуни ироаи ҳеҷ санаду мадраке, ҳатто бидуни тарҳи иттиҳоми мушаххасе то панҷ сол зиндонӣ кунад.
Низомиёни Исроил ҳамарӯза ба баҳонаҳои мухталиф ба хонаҳои фаластиниён дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ юриш бурда ва ононро боздошт мекунанд.