Рубрики Хабарҳо

Карантини 35 корманди Бонки миллӣ

Рӯзи 21 апрел 35 корманди Бонки миллии Тоҷикистонро маҷбуран ба карантин фиристодаанд. 

Дар ин бора сомонаи «Ахбор” хабар додааст, аммо навиштаст, ки муяссар нашуд, сабаби карантини онҳоро маълум кунад. Бонки миллӣ сабаби карантин шудани кормандонашро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол баъди марги яке аз устодони литсейе дар шаҳри Душанбе беш аз 400 муҳассили ин муассисаи таълимиро ба хона ҷавоб дода, гуфтаанд, то дастури баъдӣ ба дарсҳо наоянд.

Хуршед Каримов, муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар Литсейи рақами 1-и пойтахт баъди ду ҳафтаи беморӣ субҳи 22-юми апрел фавтидааст. Дар ҳамин рӯз, баъди эълони марги ӯ, дарсҳоро фавран қатъ карда ва ба волидони муҳассилин гуфтаанд, ки омада, фарзандонашонро баранд.

Аммо, вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки то имрӯз дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст, вале мавридҳои афзояндаи маргумир дар бемористонҳо, ки мақомот иллати марги аксари онҳоро бемориҳои дигаре, чун пневмония, дарди қалб ва ҳатто туберкулёз меномад, бисёриҳоро нигарон кардааст.

Танҳо рӯзи 22 апрел дар бемористони маҳаллаи «1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе, бино ба тасдиқи расмии масъулони ин беморхона, 4 марди синнашон аз 60 боло вафот кардаанд. Раҳбари бемористон иллати марги ҳамаи онҳоро пневмония гуфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *