Рубрики Хабарҳо

Як зан дар ноҳияи Дӯстӣ барои “таълими ғайриқонунии динӣ” муҷозот шуд

Як ҷавонзани сокини ҷамоати «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби додгоҳи ин ноҳия дар “таълими ғайриқонунии динӣ” айбдор ва ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 680 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Дар ин бора рӯзномаи расмии ҳукумати вилоят — «Хатлон» аз қавли додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ хабар дода, менавсиад зани 26 сол дошта ва модари ду фарзанд аст.

Додгоҳ иддао карда, ки ин зан давоми 2 сол ба як духтари ноболиғ дар манзили истиқоматии худ аз Қуръон ва «Қоидаи Бағдодӣ» таълими динӣ додааст.

Айбдоршаванда дар додгоҳ изҳор доштааст, ки ӯ намедонист, ки барои додани тадриси динӣ иҷозати махсус лозим аст.

«Мавсуф изҳор доштааст, ки айни ҳол бекор мебошад ва ягон манбаи даромад надорад. Инчунин, ду фарзанди хурдсол дорад ва аз амали кардааш пушаймон аст. Аз суд хоҳиш кардааст, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад», — омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Дар пайи баррасии парвандаи маъмурӣ ҷавонзан дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста шуда, ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ шудаст.

Дар Тоҷикистон на танҳо тамоми мадориси диниро баста ва таълим дар масоҷидро манъ кардаанд, балки таълими динӣ дар хона ҳам ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Барои таълимоти динӣ солона садҳо нафар дар кишвар муҷозот мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *