Рӯзномаи амрикоии “Волл стрит журнал” дар гузорише навишт, ки коршиносони ғарбӣ бо баррасии як паҳподи эронӣ, ки бар фарози хоки Укроин сарнагун шуд мутаваҷҷеҳ шуданд як қитъаи он чинӣ буда ва дар январи 2023 сохта шудааст.
Онҳо эълом карданд, ки яке аз паҳподҳои интиҳории эронӣ, ки дар апрели гузашта дар Укроин соқит шуд қитъаҳоеро дошт, ки ба назар мерасад дар январи 2023 дар Чин тавлид шудааст. Тибқи гузориши “Волл стрит журнал”, ин мавзӯъ собит мекунад Пекин ба Теҳрон дар ин замина кумак мекунад.
Ин ифшогарӣ нишон медиҳад Чин алорағми фишори афзояндаи Иёлоти муттаҳида барои таътил кардани занҷираи таъмини ҷаҳонӣ, ба таъмини қатаоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Эрон идома медиҳад.
Тибқи ин гузориш, ин кашф ҳамчунин нишон медиҳад, ки Эрон танҳо ба се моҳ замон ниёз дорад то паҳпод бисозад ва ба Русия дар таҳоҷум ба Укроин кумак кунад. Силоҳе, ки ғайринизомиёни Укроинро ба ваҳшат андохтааст.
Ин нахустинборе аст муҳаққиқони “Пажӯҳиши таслиҳоти ҷанг” мустақар дар Бритониё, ки занҷираи таъмини таслиҳот дар ҷаҳонро радёбӣ мекунанд, як қитъаи сохти соли 2023 дар ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро дар паҳподҳои эронӣ пайдо кардаанд.
Укроин мегӯяд, ки Русия то кунун бо беш аз 700 паҳпод ба таъсисот, шаҳрҳо ва аҳдофи низомӣ дар ин кишвар ҳамла кардааст.
Бо ин ҳол Укроин мегӯяд, ки тавониста бисёре аз ин паҳподҳоро раҳгирӣ ва соқит кунад аммо муқобилаи мудовим бо ин ҷангандаҳо боиси афрсуда шудани дифоъи ҳавоии Укроин шудааст.
Тибқи гузориши Волл стрит журнал, пайдо шудани қитъаи чинӣ дар паҳподи эронӣ чолишҳоеро барҷаста карда, ки Амрико ва муттаҳидонаш бо он даст ба гиребон ҳастанд то интиқоли чунин қатаотро ба корхонаҳои тавлиди паҳпод дар Эрон мутаваққиф кунанд.