Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико барои дувумин бор дар соли ҷорӣ дар додгоҳ ҳозир шуд. Ў дар ин ҷаласа пас аз эълони иттиҳом дар бораи нигаҳдории асноди маҳрамона гуфт, ки бегуноҳ аст ва ҳеҷ як аз 37 мавриди иттиҳомро қабул надорад.
Аз Трамп пеш аз ҳузур дар ҷаласа ангуштнигорӣ шуд. Ҷаласаи додгоҳ дирӯз соати 3 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.
Ин ҷаласаи додгоҳ пас аз ҳудуди як соат ба поён расид. Тибқи гузориши Рейтерз, қозӣ Ҷонатан Гудман ба Трамп дастур дод, ки бо шоҳидони рабтдошта бо парванда тамос барқарор накунад.
Бо поёни додгоҳ, Трамп аз Майами ба самти бошгоҳи голфи худ дар Ню-Ҷерси парвоз кард ва онҷо дар ҳузури хабарнигорон суханронӣ намуд.
Доналд Трамп бо ин ҳол пеш аз рафтан ба Ню-Ҷерси дар ресторани “Варсо” дар Майами таваққуф кард ва ба муштарёни ресторан гуфтааст, ки “ҳазинаи ғизои ҳамаро пардохт мекунад.”
Гурӯҳе аз мардум бо шиорҳое таваллуди Трампро, ки имрӯз 77 сола мешавад ба ӯ табрик гуфтанд.
Хабарнигорон пеш аз ташкили ҷаласа бидуни доштани телефони ҳамроҳ ё дигар васоили электироникӣ вориди сохтмони додгустарӣ шуданд, пеш аз ин як қозӣ дархости расонаҳо мабнӣ бар иҷозаи дастрасӣ ба аксҳо ва видеоҳои ин додгоҳро рад кард.
Ҳомиёни Доналд Трамп аз субҳи дирӯз дар муқобили сохтимони додгоҳ таҷаммӯъ карда буданд, пулиси Майами худро барои бархӯрд бо ҷамъияти ҳудуди 50 ҳазор нафар омода карда буд, чархболҳо дар осмон парвоз мекарданд ва тадобири амниятии шадид дар шаҳр ҳоким буд.
Додситонҳои Амрико дар дархосте, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, Трампро ба 37 иттиҳом дар робита бо нигаҳдории асноди маҳрамона муттаҳам карданд ба гуфтаи онҳо раисҷумҳури пешини Амрико бо иқдоми худ дар нигаҳдории асноди маҳрамона дар маконҳои ғайримаҷоз, бархе аз ҳассостарин асрори амниятии кишварро ба хатар андохтааст.
Ин иттиҳомот пас аз он матраҳ шуд, ки маъмурони FBI дар моҳи август беш аз 100 санад бо муҳри иттилооти табақабандишударо дар амлоки хусусии Трамп дар Флорида пайдо карданд.
Зоҳиран онҳо дорои иттилооте дар мавриди тавоноиҳои дифоъӣ ва таслиҳотии Иёлоти муттаҳида, кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин барномаҳое барои бархӯрди эҳтимолӣ дар посух ба як ҳамлаи хориҷи буданд.
Додситонҳо ӯро ба нигаҳдории парвандаҳои маҳрамона, нигаҳдории бархе аз онҳо дар салони рақс ва ҳаммом ва ҳамчунин фитна барои мамониъат аз таҳқиқоти FBI муттаҳам карда буданд.
Аксҳои дохили дархост, бастаҳое аз аснодро нишон медод, ки дар як салони рақс, дар ҳаммом ва дар табақаи анборе пахш шудаанд.
Раисҷумҳури пешини Амрико борҳо таъкид карда буд, ки бегуноҳ аст ва давлати Ҷо Байденро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ кардааст. Ў рӯзи сешанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҷек Смит, бозпурси вижаро, ки раҳбари додситонҳои ин парвандаро бар ӯҳда дорад, “мутанаффир аз Трамп” номид.
Трамп, ки имрӯз, 14 июн 77 сола мешавад, аввалин раисҷумҳури амрикоӣ аст, ки бо иттиҳомоти муҷримона рӯ ба рӯ шудааст, аммо ин иттиҳомот, умеди ӯро барои бозгашт ба Кохи Сафед аз байн набурда ва ба ҷойгоҳаш назди раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ латмае назадааст.
Бар асоси назарсанҷии Рейтерз ҷойгоҳи Трамп нисбат ба рақибони худ барои номзадии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 пешӣ гирифтааст. 81 дарсад аз раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ ин иттиҳомотро ба ангезаҳои сиёсӣ нисбат медиҳанд.