Categories Хабарҳо

Дар Ҳисор ҷашни 75-солагии Ато Ҳамдам баргузор шуд

Таҳти уновни “Ҳамдами мардум» дар «Кохи фарҳанг»-и шаҳри Ҳисор бахшида ба фаъолияти эҷодии драматург, адиб ва журналист, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилоъи АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дар маҳфили адабӣ тазаккур дода шуд, ки Ато Ҳамдам яке аз сермаҳсултарин қаламкашони драматургияи тоҷик ба шумор рафта, асарҳои маъруфу ӯ, аз қабили «Писари Ватан», «Ибтидо», «Пеш аз борон», «Бори каҷ», «Хезед, суд меояд!», «Саргузашти Сафармахсум», «Сафармахсум дар Қаратоғ», «Барзу ва Рустам», «Саргузаштҳои нави Сафармахсум», «Як танга тилло», «Спитамен» ва ғайраҳо, ки аз ҷониби ҳунармандони театрҳои гуногуни мамлакат рӯйи саҳна омадаанд, дар тарбияи маънавии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муҳим ва арзанда доранд.

Таъкид гардид, ки Ато Ҳамдам дар пайравӣ ба устодони драматургияи тоҷик Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, Аъзам Сидқӣ, Меҳмон Бахтӣ ва даҳҳои дигар ба таърих рӯ оварда, жанри драматургияи тоҷикро ба авҷи аъло расонида, дар дунёи эҷод баҳри рушди ин жанри мураккаби адабӣ панҷоҳу панҷ сол инҷониб пайваста талош меварзад.

Гуфта шуд, ки Ато Ҳамдам соли 2022 бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз намуданд.

Ато Ҳамдам яке аз тарҷумонҳои пурмаҳсулу муваффақ ба шумор рафта, осори гуногуни адибони давлатҳои дигарро ба забони ноби тоҷикӣ тарҷума ва пешниҳоди хонандагон гардонидааст.

Иштирокчиёни маҳфил саҳми ӯро дар муаррифии фарҳангу тамаддуни бостонии миллати тоҷик назаррасу мондагор арзёбӣ намуданд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *