Байни Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди боздоштва истирдоди ҷинояткорон созишнома ба имзо расид, ки тибқи он ду кишвар бо дархости ҳамдигар онҳоеро, ки дар содир кардани ҷиноят даст доранд, боздошт ва кишварҳои якдигар истирдод мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъи чандон намедиҳад, аммо хабаргузориҳои Эрон бо истинод ба додситонии кулли ин кишвар баъзе ҷузъиёти онро ифшо кардаанд. Ба унвони мисол, хабаргузории давлатии “IRNA” , созишнома аз чаҳор банд иборат аст ва тибқи он он минбаъд байни додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон “табодули ахбору маълумот сурат гирифта, шаҳрвандоне, ки дар ин ду кишвар ҷиноят содир кардаанд, боздошту истирдод мешаванд” ва менависад, ки ҳамкории ин ду ниҳод расман оғоз гардид.
Ба навиштаи манбаъ, созишномаро Алӣ Акбар Бахтиёрӣ, раиси дафтари додситонии кулли Эрон ва Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.
“Истирдоди ҷинояткорон” аз авлавиятҳои гуфтугӯи мақомоти тоҷик, чи мақомоти сиёсиву дипломатӣ ва чӣ ҳифзи ҳуқуқ бо ҳамтоёни хориҷиашон аст. Тақрибан дар ҳеҷ бастаи созишномаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ки имзо мешавад, ин нукта фаромӯш намегардад. Ҳатто дар бастаи созишномаҳо, ки асосан ташрифотӣ ҳастанд ва ба ҷуз “Ёддоштҳои тафоҳум” чизи дигаре надоранд, мавзӯъи “истирдоди ҷинояткорон” ҳамроҳ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, баробари имзои чунин созишномаҳо, мақомоти тоҷик пеш аз ҳама истирдоди мухолифин ва фаъолони сиёсиро, ҳамаи онҳоро “террорист” ва “экстремист” эълон кардаанд, талаб мекунанд. Бо гумони ғолиб, ба зудӣ рӯйхати чунин “террористону экстремистон”, ки дар Эрон ҳузур доранд ба мақомоти ин кишвар барои бори чандум таслим ва бо такя ба ин созишнома, истирдоди онҳо талаб карда хоҳад шуд. Аммо оё Эрон чунин дархостеро қонеъ хоҳад кард?
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раҳбари департаменти равобити хориҷии Паймони милли Тоҷикистон мегӯяд “воқеан ҷои нигаронӣ аз имзо шудани ин созишнома вуҷуд дорад ва мисолҳои зиёде ҳаст, ки Тоҷикистон аз чунин созишномаҳо суиистифода карда, онро барои саркуби мухолифини сиёсии худ истифода бурд, аз ҷумла дар Русия”.
Вале тасреҳ мекунад, ки инҷо, «аммо»-ҳое вуҷуд доранд.
“Мо умедворем ки ҶИИ дар саркуби мухолифини тоҷик саҳим нахоҳад буд, аммо ҷинояткорони воқеъӣ, ки иттиҳомоташон дорои ангезаҳои сиёс нестанд, бояд супорида шаванд ва он ҳам ба манфиъати ҳар ду кишвар аст. Қаблан ҳам созишҳое монанди ин созишнома байни мақомоти ду кишвар анҷом шуда буд” — мегӯд ӯ.
Файзраҳмонов изҳор дошт “ин амали режими Раҳмон бори дигар нишон дод, ки мақомоти кишвар аз ин ки дар таомулашон бо кишварҳои хориҷ дар фикри беҳтар кардани вазъяти мардуми худ бошанд, бештар дар фикри саркуби миллат дар ҷаҳон ва нишон додани тоҷик ҳамчун як миллати моил ба ҷиноят дар саросари ҷаҳон ҳастанд”.
Воқеъан режими Раҳмон тавонистааст миллати худашро ба кулли ҷаҳон ҷиноятпештарин миллат ба намоиш гузорад. Дар рӯйхати ҷустуҷӯи пулиси байналмилал — Интерпол шумори тоҷикистониён бештар аз ҳар кишвари ҷаҳон аст. Тибқи иттилоъи дарёфтии “Паём” чанд соли охир Интерпол қабули дархост аз Тоҷикистонро сахт маҳдуд кардааст, чун таҳлилу баррасии ин созмон нишон додааст, ки аксари кулли дархостҳои Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ доранд.
Азим Ваҳҳобов, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд “бисёр баъид аст, ки Эрон мухолияини тоҷик, бахусус михолифини исломиро ба Тоҷикистон супорад. Чун пеш аз ҳама ба ин кор қонуни асосии Эрон иҷоза намедиҳад ва баъдан Эрон аз кишварҳое нест, ки ба фишор аз хориҷ тан диҳад”.
Ҳамчун тибқи иттилоъи дигар, дар бештари кишварҳои демократӣ дархостҳои Тоҷикистонро нахонда канор мегузоранд, чун таҷриба муайян кардааст бештари дархостҳо на танҳо сиёсианд, балки бо қонуну мантиқ низ мухолифат доранд.
Чанде қабл чунин созишномаи бо Туркия имзо шуда буд ва тибқи иттилоъи як манбаъи “Паём”, Тоҷикистон билофосила рӯйхати 118 “террористу экстремист”-ро, ки дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, ба мақомоти ин кишвра ирсол кард. Дар асоси он 11 нафари онҳо боздошт шуданд, вале дертар бо дарназардошти ин ки ҳамаи онҳо гурезагони сиёсӣ ҳастанд, озод шуданд. Яке аз боздоштшудаҳо ба “Паём” гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон хеле кӯшиданд ҳади ақал 2-3 нафари онҳо истирдод шаванд, аммо муваффақ нашуданд.
“Муваффақият”-и Тоҷикистон дар ин самт танҳо бо Русия тамом мешавад. Ин кишвар то ҳол ягона кишваре боқӣ мемонад, ки умдатарин ҳизӣи мухолифи режими Раҳмон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ эътироф кардааст ва садҳо мухолифи режиму фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон таслим намудааст. Ин сарфарории Русия ба фишори режими Раҳмон дар ҳолест, ки ҳатто ҳеҷ кишвари ҳамсояе мисли Қирғизистону Узбекистон ва Афғонистон бо вуҷуди фишору хоҳишу пешниҳоди гузаштҳои режими Раҳмон ба чунин шармандагии сиёсӣ даст назадаанд.
Зоҳиран мақомоти кишвраҳо ба зудӣ ба дархостҳои Тоҷикистон мисли Интерпол муомила хоҳанд кард — қабули онҳоро то ҳадди имкон маҳдуд менамоянд.
Гуфтугӯи мақомоти Эрону Тоҷикистон барои “истирдоди ҷинояткорон” танҳо дар сатҳи додситониҳо набудааст. Хабаргузории “Фардо” , ки Абдурраҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Аҳмад Воҳидӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон ва Сайид Маҷид Мираҳмадӣ муовини ӯ оид ба масоили амниятӣ дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кардааст.
Манбаъ менависад, ки дар ин мулоқот мавзӯъҳои тавсеаи равобити дуҷониба, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта, интиқоли зиндониён, табодули таҷриба ва омӯзиши пулис баррасӣ шуд.
Абдурраҳмони Аламшозода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, “бо ҷониби Эрон дар масъалаи мубориза бо фаъолиятҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа ҳамоҳангӣ ҳосил шуд”.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми июн Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон омада, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мулоқот анҷом дода буд.
Додситонии кулли Тоҷикистон он вақт гуфта буд, ки “масъалаҳои ҳамкории мақомоти ду кишвар дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон”-ро баррасӣ мекунанд.