Рубрики Хабарҳо

Ду гурӯҳбоне, ки сарбозонро таҳқир карданд, муҷозот мешаванд

Алайҳи ду гурӯҳбони (сержанти) Нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Онҳо барои таҳқири 9 сарбоз дар як қисми низомӣ дар Исфара муттаҳам мешаванд.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияе ба акси таҳқири сарбозон, ки 15 июни соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  шуд нашр шуд вокуниш кард.

Таҳқиқи ин ниҳод нишод дода, ки “14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич ӯҳдадор гардидааст, ки тибқи талабот мӯйи сари сарбозонро кам карда, тартиб ва намуди зоҳирии онҳоро ба низом дарорад”.

Аммо сартарош “бархилофи талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба нуҳ нафар сарбозони навдаъватшуда Кароматзода Б.Л.,Азамзода М.А., Қурбонов С.Н., Гулмирзоев И.М., Раҳматуллозода И.Р., Кенҷаев К.Р., Раҷабов Р.Н., Мирзоев Н.У. ва Ғуломзода К.С. ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, бо мақсади нишон додани бартарии ҷисмонии худ, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”, ”О”, ”Н”, ”И”, ”Б”, ”О”, ”Д”, ”О”, ”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”.

Гуфта мешавад гурӯҳбони хурд Давлатов А.М. ин ҳолатро ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудаонро “баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст”.

Додситонӣ хабар медиҳад, ки “вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбати хизматчиёни ҳарбӣ  Исмоилов М.Н. ва Давлатов А.М. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *