Як мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо ба “Рейтерз” гуфта, ки қарор аст ҳафтаи оянда раҳбарони ин иттиҳодия хостори кумаки Чин барои поён додан ба ҷанги Русия дар Укроин шаванд.
Ҳамчунин, онҳо хостори нақши Чин дар ҳали мушкилоти ҷаҳонӣ монанди тағйироти иқлимӣ хоҳанд шуд.
Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар рӯзҳои 8 9 саратон дар Брюссел гирдиҳам меоянд. Амнияти иқтисодии Аврупо дар таомул бо Чин ва тавозуни равобити тиҷорӣ бо дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аз мавзӯъҳои умдаи нишасти кишварҳои аврупоӣ хоҳад буд.
Як мақоми аврупоӣ бо ишора ба тамоюли кишварҳои аврупоӣ барои коҳиши вобастагӣ ба Чин, ба хабаргузории “Рейтерз” гуфт: “хеле муҳим аст, ки тавофуқи маҳкам бар сари коҳиши хатарҳои вобастагӣ ба Чин ва эҷоди гуногунҷабҳагии равобити тиҷорӣ ба вуҷуд биёяд.”
Ин мақоми аврупоӣ, ки Рейтерз аз ӯ ном набурдааст, гуфта, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо рӯйи нақши Чин дар хатми таҳоҷуми Русия ба Укроин баҳс хоҳанд кард.
Бо ин ҳол, Комиссиюни Аврупо аввали рӯзи сешанбе стратегияи ҷадиди амнияти иқтисодиро матраҳ кард. Дар ин стратегия аз контроли содироти технологиҳои ҳассос ва пешрафта ҳимоят шудааст.
Бо ин ки дар ин стратегия номе аз Чин бурда нашуда аммо равшан аст, ки Аврупо монанди Амрико аз дастрасии Чин ба фановариҳои пешрафти сохти ширкатҳои ғарбӣ нигарон аст.