11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Қазоқистон ба таври ногаҳонӣ эълом кард: дигар мизбони музокироти Сурия нахоҳем буд

Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе 21 июн дар тасмими ногаҳонӣ эълом кард мизбони музокирот бо ҳадафи ҳалу фасли даргирии 12 сола дар Сурияро мутаваққиф хоҳад кард. Ин тасмими ногаҳонии Остона, Русия ва дигар ширкаткунандагонро дар поёни бистумин даври музокирот дар пойтахт Остона шигифтзада кард. 

Маскав мутааҷҷиб аст, ки чаро Қазоқистон ба таври ногаҳонӣ мизбони музокирот дар мавриди муноқишаи Сурияро мутаваққиф мекунад ва хоҳони идомаи он нест. 

Қазоқистон аз соли 2017 мизбони намояндагони Русия, Туркия, Сурия ва Эрон дар мавриди роҳҳои ҳалу фасли ҷанги Сурия буд. 

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард, ки музокирот ба маъмурияти худ амал кардааст ва аҳдофи аввалия аз ҷумла эҷоди манотиқ коҳиши таниш, поён додан ба хунрезӣ ва коҳиши талафоти ҷонӣ ба таври комил иҷро шудааст. 

Ойбек Самадёров, сухангӯи ин вазорат, бозгашти ахири Сурия ба Иттиҳодияи араб ва талошҳо барои бозгардондан ва эҳёи равобити Димишқ бо Анқараро далеле бар дастёбӣ ба ҳадафи музокироти Остона зикр кард. 

Аммо Александр Лаврентев, фиристодаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки раёсати ҳайати Маскавро дар ин музокирот бар ӯҳда дошт, гуфт, ки тасмими Қазоқистон комилан ғофилгиркунанда ва як иқдоми ғайримунтазира аст. 

Лаврентев гуфт, ки ҳеҷ тасмиме дар мавриди макони ҷадиде барои музокироти оянда дар авохири соли ҷорӣ гирифта нашудааст, аммо пешниҳод кард, ки ин музокирот метавонад дар Маскав, Анқара, Теҳрон ё ҳатто дар худи Димишқ баргузор шавад. 

Лаврентев гуфт, ки бозгашти Сурия ба Иттиҳодия араб дар нишасти моҳи май дар Арабистони саудӣ “гоми муҳим” барои поён додан ба муноқиша аст. 

Намояндагони Созмони милали муттаҳид ва ҳамсоягони Сурия, ки иборат буданд аз Урдун, Лубнон ва Ироқ, ба унвони нозир дар музокироти Остона ширкат карданд ва барои поёни сареъи даргирӣ ва бозгашти миллионҳо паноҳҷуи сокин дар ин кишварҳо ба хонаҳояшон, ибрози умедворӣ карданд. 

Туркия, Русия ва Эрон охирин музокирот дар Остонаро “созанда” тавсиф карданд ва гуфтанд, ки дар бораи “таҳияи нақшаи роҳ барои эҳёи равобити Туркия ва Сурия” гуфтугӯ карданд. 

Маскав ва Теҳрон дар ҷанги дохилии Сурия аз давлати Башор Асад ҳимоят карданд ва нерӯҳои ӯро қодир сохтанд то контроли бахши аъзами кишварро ба даст бигирад. 

Русия ҳатто бо вуҷуди ҷанги артиши ин кишвар дар Укроин, ҷойгоҳи низомии худро дар Сурия ҳифз карда ва ҳамчунин талошҳои мудовимеро барои кумак ба Асад барои бозсозии равобити гусастаи Димишқ бо Анқара ва ё соири кишварҳои минтақа анҷом додааст. 

Туркия нерӯҳое дар шимоли ғарбии Сурия дорад, ки аз ҷангҷуёни мухолифи ҳукумати Башор Асад дар охирин минтақаи таҳти контроли шӯришиён ҳимоят мекунанд. 

Амин Сосан, дастёри вазири умури хориҷаи Сурия рӯзи сешанбе гуфт, ки Туркия бояд “замонбандии равшане”-ро барои хурӯҷи нерӯҳояш аз Сурия ироа кунад. 

Пас аз пазириши муҷаддади Сурия дар Иттиҳодияи араб дар моҳи май, вузарои хориҷаи Туркия ва Сурия тавофуқ карданд, ки як “нақшаи роҳ”-ро барои беҳбуди равобити тираи худ танзим кунанд. Ин болотарин сатҳи тамос байни ду кишвар аз замони оғози қиёми соли 2011 дар Сурия буд, қиёме, ки ба ҷанги дохилӣ табдил шуд. 

Ҷанги дохилии Сурия наздик ба ним миллион нафар кушта барҷой гузошт ва ниме аз ҷамъияти 23 миллион нафарии ин кишварро овора кард. 

Сооте пас аз поёни нишасти Остона, сокинони як шаҳри Сурия ва як нозири ҷанг гузориш доданд, ки нерӯҳои давлати Сурия як шаҳри таҳти контроли мухолифонро дар устони Ҳалаб гулӯла борон карданд, ки мунҷар ба кушта шудани ҳадди ақал се нафар аз ҷумла як кӯдак шуд. 

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Бритониё гуфт, ки ҳадафи ин гулӯлаборон ҳамчунин шаҳрҳои дигар дар наздикии манотиқи таҳти контроли гурӯҳи Ҳаят Таҳрир Ал-Шом вобаста ба Ал-Қоъида, будааст. Расонаҳои давлати Сурия гузориши аз ин гулӯлаборон мунташир накардаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *