Рубрики Хабарҳо

Баъди ин ҳама саркӯб Тоҷикистон ваъдаи омодасозии боз 100 ҳазор муҳоҷири корӣ барои Русия додааст

Дар ҳоле, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия зери фишор ва саркӯби саросарӣ қарор доранд, вазоратҳои кори ду кишвар дар бораи омодасозии 100 ҳазор муҳоҷири корӣ аз ҷониби Тоҷикистон барои Русия гуфтушунид кардаанд. 

Дар дидори Гулнора Ҳасанзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Елена Мухтиярова, муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Русия, ки рӯзи 19-уми июн баргузор гардид, ҳамин мавзӯъ баррасӣ шудааст.

Ба Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар “Фейсбук”, 100 ҳазор муҳоҷир пеш аз сафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати Русия омӯзонида мешаванд.

“Эҳтимоли омӯзиши касбии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоёни Русия низ баррасӣ шудааст”, — гуфта мешавад дар хабар.

Дар мулоқот ҳамчунин, рафти иҷрои созишнома байни ду давлат дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия ва ифтитоҳи намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта шудааст, таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *