Раёсати Вазорати корщои дохилии шаҳри Душанбе сабаби сӯхтор дар як мактаби пойтахтро, ки шаби гузашта иттифоц афтод, шарҳ дод.
Шоми дирдар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе мунташир шуд, ки нишон медод чи гуна мактаби рақами 71 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ба коми оташ меравад.
Пулиси Душанбе гуфта, мақомот баъди санҷиши ибтидоӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани кондисионер рух додааст. Ба иттилои мақомот, дастгоҳро дар маҷлисгоҳи ошёнаи дувуми мактаб насб карда буданд.
Дирӯз даҳҳо нафар навори сӯхторро нашр карданд ва дида мешуд алангаи оташ бисёр баланд аст.
Гуфта мешавад барои фурӯ нишондани алангаи оташ даҳҳо маъмур ва 16 нақлиёти оташнишонӣ ва 18 мошини обкашониро сафарбар карданд. «Сӯхтор масоҳати 1500 метри мураббаъро дар бар гирифт,» — омадааст дар эъломияи РКД Душанбе.
Гурӯҳи корӣ таъсис шуда, сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад.