Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии Афғонистон имрӯз, душанбе тайи суханоне дар нишасти Шӯрои вазирони ин кишвар дар Кобул изҳор дошт: “раҳоии бархе аъзои Толибон аз зиндонҳо бар мабнои ҳусни ният барои шурӯъи гуфтугӯҳои сулҳ сурат гирифта ва қарор нест ҳазорон нафар зиндонӣ то поёни умр дар зиндон ба сар бубаранд”.
Вай дар идома таъкид кард: “набояд раҳоии зиндониёни Толибон ҳадаф ва ҷанбаи интихоботӣ дошта бошад, чун аз таъсири он мекоҳад. Иродаи мо ин нест, ки ҷанг идома ёбад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҳассосияти интихоботӣ боястӣ дар бораи шеваи тасмимгириҳо ва иқдомот таваҷҷӯҳ шавад”.
Раиси иҷроии Афғонистон таъкид кард: “сулҳ ба як нафар тааллуқ надорад ва ҳеҷ касе наметавонад ба танҳоӣ қаҳрамони сулҳ бошад, бояд намоянадагии солиме аз мардум дар раванди сулҳ сурат бигирад”.
Абдуллоҳ ҳамчунин гуфт, ки дар остонаи баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ бояд тасмимгирӣ дар умур сулҳ бо ҳушёрӣ ва диққат анҷом шавад.
Гуфтанӣ аст Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ба муносибати иди фитри гузашта дастури озодии 887 зиндони гурӯҳи Толибонро содир кард, ки аз ин теъдод то кунун беш аз 400 зиндонӣ аз зиндон озод шудаанд