Дӯстони арҷманд, ҳамватанони азиз ва ҳамаи тоҷикистониёни гиромӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз он, ки ба хотири мушкилоти иқтисодӣ, фишорҳои сиёсӣ ва ё ҳар сабаби дигаре, дар хориҷ аз ватан зиндагӣ мекунед!
Ин, асос ва мабнои як ҷомеи солим аст, ки дар он, инсонҳо дар ғаму шодии якдигар шарик ҳастанд. Инсонҳо дар як ҷомеаи солим аз ҷашну шодӣ, идҳо ва расму анъанаҳои якдигар барои ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати бештар истифода мебаранд. Дар як ҷомеаи носолим ингуна ҳолатҳо баръакс, боиси баҳсу ҷанҷолҳо, ҷабҳагириҳо ва ҳатто ихтилофоти мазҳабиву қавмии бештар мегардад.
Миллати азияткашидаи мо, ки ҳам таҷрибаи бойи ҳамзистӣ ва ҳам таҷрибаи талхи низоъҳои идеологиву қавмиро дорад, бояд намунаи волои эҳтиром ба арзишҳо, анъана ва эътиқодоти ҳамаи сокинони кишвар гашта, ин ҳолатҳоро на омили ихтилоф, балки омили ваҳдат ва ҳамгаройии бештар байни ҳамаи миллиятҳо бигардонанд.
Ба намояндагӣ аз Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) — ки қишрҳои гуногуни ҷомеаи моро намояндагӣ мекунанд ва аз манофеъи ҳамаи бахшҳои ҷомеаи чандмиллиятиамон дифоъ менамоянд – ба унвони раҳбари ПМТ, фаро расидани соли нави 2019-ро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, табрику таҳниат мегӯям! Барои яко-яки шумо ва низ хонаи муштараки ҳамаамон – Тоҷикистони азиз, орзуи сулҳу осоиш мекунам.
Умедворам, ки соли нав умеди бозгашт ба хонаҳои худро барои миллионҳо шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои дигар ба дунболи зиндагии беҳтар ё паноҳгоҳи амн ҳастанд, баргардонад. Соли нав, соле бошад, ки дар он ҳар инсон дар кишвари мо худро соҳибкаромат ҳис намояд, соли барқарории адолат барои бародарони зиндониамон ва ҳамаи мазлумону муҳоҷирон бошад.
Беҳбудии Тоҷикистон бастагӣ ба ин дорад, ки амният, каромат, сулҳ, нур, гармӣ, рафоҳу роҳатӣ, боварӣ ба ояндаи дурахшон, вориди зиндагӣ ва хонаи яко-яки мо мешавад ё на?! Ин, танҳо ба талоши мову шумо вобаста аст, фақат мову шумо метавонем ба он дар якҷоягӣ даст биёбем. Танҳо мову шумо — шаҳрвандони баробарҳуқуқи ҷомеаи гуногунранги тоҷик, ҳар ҷойе, ки ҳастем, бо ҳам метавонем ба ин даст биёбем; бо ҳамбастагӣ, бо талош барои ба даст овардани ҳуқуқи худ ва бо эҳтиром ба ҳуқуқ, фарҳанг ва арзишҳои дигарон ва бо эҳсоси масъулияти мутақобил дар баробари ҳамдигар.
Орзу мекунам, ки Соли Нав барои шумо соли хубу пурборе бошад. Аз Худованд барои яко-яки Шумо муваффақияту сарбаландӣ, тансиҳатӣ, шодмонӣ ва оромишу муҳаббати наздиконатонро таманно дорам.
Соли Наватон муборак бошад дӯстони азиз!
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон
30 декабри 2018