Рубрики Хабарҳо

Шароит барои ибодати маъюбон дар масоҷиди Туркия

Бо таҷҳизонидани техникаҳои замонавӣ, Идораи марказии кор бо дини Туркия (Diyanet isleri baskanligi) барои ибодат ва гаштугузори маъюбону нобиноён дар масҷидҳои калони ин кишвар  шароит муҳайё кардааст. Минбаъд нафарони аз ҷиҳати ҷисмонӣ нуқсдошта,  бо истифода аз хизматрасонии аробаҳои махсуси маъюбӣ, ки бо тарзи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд, метавонанд бидуни кӯмаки шахси алоҳида гаштугузор ва ибодат кунанд. Ингуна таҷҳизот дар масоҷиди  шаҳрҳои  Анқара, Бурса,  Истамбул,  Измир,  Қайсар,  Самсун, Ғазонтеппа ва Диёрбоқир омодаи баҳрабардорӣ ҳастанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Идораи кор бо дини Туркия хабар дода гуфтааст,  аробаҳои худрави электроние ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки барои ашхоси аз ҷиҳати шунидан ва дидан заъфдошта хизмат мерасонанд. Дар даромадгоҳҳои масҷидҳо таҷҳизоти махсусе бо ёрии барномаи Брайл ва нишондодҳо бо забони ишорат насб шудааст. Ба хотири болидарӯҳии ибодаткунандагон, тариқи ойинаҳои рақамӣ сабти садову наворҳо бо тафсири оёти Қуръон, шарҳи аҳодис ва дарси фиқҳу асосҳои дини ислом роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки барои ба ибодати калонсолон халал ворид накардани кӯдакон, махсус барои нигаҳдории онҳо шароит фароҳам карда шудааст. То бозгашти ибодаткунандагон, кӯдакони онҳо дар ҷойи махсус ба бозӣ ва ё шунавонидани қиссаҳои бачагона ҷалб карда мешаванд. Кӯдакону наврасон метавонанд ин ҷо аз таърих ва гуфтори бузургони дин бархӯрдор шаванд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *