Рубрики Хабарҳо

6 соли зиндон барои як дуъо

Саидумар Саидов, хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов, узви Раёсати Олии ҲНИТ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Баҳонаи зиндони ӯро Шамсиддин Саидов як дуъое медонад, ки Саидумар дар фейсбук кардааст.

Боздошти Саидумар Саидов баъди истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид аз Аврупо иттифоқ афтод. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ҳамкорӣ бо “террористон” муттаҳам карда ва далелашон ин будааст, ки ӯ бо доияш тамоси телефонӣ доштааст.

Шамсиддин Саидов аз боздошти хоҳарзодааш дар фейсбук хабар дода менависад “имруз хоҳарзодаам Саидумар Саидовро ҳам бо моддаи 307 ба муҳлати шаш сол аз озоди маҳрум намуданд. Гуноҳаш дуъо кардан барои озодии Абдуллоҳи писарам, ки ӯро ҳам бо ҳамин модда ба 7 сол аз озодӣ маҳрум намудаанд”.

Ҳамчунин ин узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ному насаби додрасеро, ки ҳукмро содир кардааст ифшо карда, навиштааст, ки “мутмаъин бошад, ки ҳатман барои ин кораш ҷавоб хоҳад дод”. Ба гуфтаи ӯ додрасе, ки ҳукми беасосро содир кардааст Аҳлиддин Назарзода Саид ном дорад.

Маҳкум ба зиндон сохтани Саидумар Саидов ба иттиҳоми “ҳамкорӣ бо террористон”, яъне доъияш дар ҳолест, ки Шамсиддини Саид мегӯяд аз замони хурӯҷаш аз Тоҷикистон наздиконаш аз тарси муттаҳам шудан ба чунин ҳамкорие, тамос бо ӯро комилан қатъ кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон тамос бо хешовандонро, ҳатто агар онҳо ҷинояткоранд, ҷурм намедонад.

Ҳукмҳои сахту ноодилона барои корҳое, ки тибқи ҳеҷ қонуне ҷиноят нест, дар Тоҷикистон зиёд иттифоқ меафтанд. Садҳо нафар дар кишвар ба хотири як “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шудаанд, ки бархе то даҳ сол ҳукм гирифтаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *