Рубрики Хабарҳо

Баёнияи Гурӯҳи 7: дар канори Укроин хоҳем истод

Кишварҳои Гурӯҳи 7 тайи баёнияи муштарак бар ҳимояти худ аз Укроин таъкид ва тасреҳ карданд ҳар чи қадар тӯл бикашад дар канори Укроин, ки аз худ дар баробари таҷовузи Русия дифоъ мекунад, хоҳем истод. 

Кишварҳои Гурӯҳи 7 муташаккил аз Амрико, Канада, Олмон, Бритониё, Фаронса, Итолиё ва Ҷопон зимни иҷлоси сарони НАТО дар Вилнюси Литва рӯйи баёнияи муштараки дороии чорчуби амниятӣ барои ҳимоят аз Укроин ба тавофуқ расиданд. 

Дар баёнияи муштараки Гурӯҳи 7 омадааст: 

— муҳим нест чи қадар тӯл бикашад, мо дар канори Укроин, ки аз худ дар баробари таҷовузи Русия дифоъ мекунад, хоҳем истод. 

— мо дар арзишҳо ва манофеъи демократики муштараки худ ва муҳимтар аз ҳама дар ҳимояти мудовим аз Укроин бар асоси эҳтиром ба маншури Созмони милали муттаҳид ва усули тамомияти арзӣ ва ҳокимияти муттаҳид ҳастем. 

— бори дигар таъкид мекунем, ки амнияти Укроин бахше ҷудоинопазир аз амнияти минтақаи евро-Атлантик аст. 

— таҳоҷуми ғайриқонунии Русия ба Укроин таҳдиде барои сулҳу амнияти байналмилалӣ, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва иқдоме носозгор бо манофеъи амниятии Гурӯҳи 7 аст. 

— дар ҳоли оғози музокирот бо Укроин барои расмӣ кардани талошҳои худ барои ҳимоят аз ин кишвар ҳастем. 

-ҳар як аз кишварҳои Гурӯҳи 7 бо Укроин бар рӯйи тааҳҳудот ва тартиботи амниятии хос, дуҷониба ва баландмуддат кор хоҳанд кард ва бар тадовуми тадоруки як нерӯи пойдор, ки битавонад аз Укроин дар ҳоли ҳозир дифоъ кунад ва аз таҷовузи Русия дар оянда ҷилавгирӣ кунад, таъкид хоҳанд кард. 

Дар ин баёния омадааст, ки суботи иқтисодӣ ва инъитофпазирии Укроин аз ҷумла талошҳои бозсозӣ ва бозёбӣ ба манзури эҷоди фазои мусоид барои боло бурдани амнияти энергӣ ва иқтисоди ин кишвар тақвият хоҳад шуд. 

Зимни ин ки ҳимояти молӣ ва фаннӣ барои ниёзҳои фаврии Укроин ношӣ аз ҷанг ироа хоҳад шуд ва ҳамчунин ислоҳоти лозим барои пешрафти Укроин ба самти аҳдофи Евро-Атлантик бояд тазмин шавад. 

Дар ин баёния бо таъкид бар қасди ройзании фаврӣ бо Укроин дар муқобила бо ҳамалоти Русия дар оянда, омадааст: ҳадафи мо ин аст, ки бо кумаки таҷҳизоти низомии сареъ ва эмин, мутобиқ бо тааҳҳудоти қонунӣ ва қонуни асосии худ, аз Укроин ҳимояти иқтисодӣ карда ва Русияро посухгӯ кунем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *