Рубрики Хабарҳо

Баъди садамаҳои зиёд раиси БДА барканор шуд. Оё ба вазифаи баландтаре намерасад?

Дар як иқдоми камсобиқа Эмомалӣ Раҳмон раҳбари Бехатарии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохиларо ҳамроҳ бо ду мансабдори баландпояи ин ниҳод аз вазифа барканор кардааст. Ронда шудани раҳбари БДА ба садамаҳои зиёде, ки дар авохир иттифо астоданд ва ҳамчунин содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби маъмурони ин ниҳод рабт дода шудааст. 

Дар Тоҷикистон бисёр кам иттифоҷ меафтад, ки мансабдорони баландпоя бинобар камбудиҳо, ҳатто агар бисёр ҷиддӣ ҳастанд, аз мақомашон барканор шаванд. Мансабҳо дар кишвар фурӯхта мешавнад ва барканориҳои ғайриинтизор асосан бо сабаби ба манофеъи Оила созгор наомадани мансабдор сурат мегиранд.

Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ Рустам Мирзомуродзодаро таъин шудааст. Ҳамчунин сардори БДА дар шаҳри Душанбе ва роҳбари Воҳиди махсуси ВКД дар масири ҳаракати меҳмонони баландмақом ҳам иваз шуданд.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи дафтари матбуотиаш, раисҷумҳури Тоҷикистон «аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ёдовар шудан ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд».

Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур додааст, ки «минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад».

Чанд моҳи охир садамаҳои нақлиётӣ, ки ҳар кадом ҷони чанд нафар, бахусус аъзои як ё чанд хонаводаро мегирифт, афзоиш ёфтанд. Ҳафтае набуд, ки як ё чанд хабари садамаи маргбори нақлиётӣ гузориш нашавад. 

Ҳамчунин дар ин муддат чанд ҷиноят аз ҷониби маъмурони пулису БДА содир шуд. Аз ҷумла як садамаи маргбор дар шаҳри Душанбе, ки 21 июн ҷони чаҳор нафар, аз ҷумла тифли сесоларо гирифт бо айби майори милиса Орзубек Ҳабибзода иттифоқ афтод, ки гуфта мешавад дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. 

Барканор шудани раҳбари БДА ва ду масъули дигари ин ниҳод дар ҳолест, ки одатан муддате пас аз барканорӣ, ҳатто баъди содир кардани ҷиноят, мансабдорони собиқ ба вазифаи дигар, гоҳе баландтар аз вазифаи қаблиашон таъин мешаванд. Суҳроб Қурбонзода ва ду зердасти ӯ ба кадом вазифаҳо бармегарданд, вақт нишон хоҳад дод. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *