Рубрики Хабарҳо

Бег Сабур ба саҳна! Нишастҳои матбуотӣ шурӯъ мешаванд

Аз 26 июл вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон нишастҳои хабарии худро оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 шурӯъ мекунанд.

Тибқи нақшае. ки аз тарафи ҳукумат тартиб дода замони нишастҳои матбуотӣ муайян карда шудаанд, нишастҳо 26 июл оғоз гардида, то 15 август идома меёбанд.

Нишастҳои матбуотии идораву вазоратхонаҳо аз хабарсозтарин рӯйдодҳои Тоҷикистонанд, ки муҳити саркӯби саросарии матбуоти озод дар як сол ду бор иттифоқ меафтанд. Ҳарчанд мансабдорон мекӯшанд вақти ҷудошударо бо қироати матнҳои аз қабл омодашуда ба поён расонанд ва барои саволҳо фурсати камтаре боқӣ гузоранд, гоҳе хабарҳои ҷолиб ба даст меоянд. Барои мисол оморҳои ироакардаи мақомот тақрибан ҳамеша бо ҳам ихтилоф доранд. 

Ҳамчунин бинобар камсаводиву касбият надоштани аксари мансабдорон, онҳо ба суолҳои хабарнигорон посухҳое медиҳанд, ки чанд моҳ мавзӯъи латифа дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад. Бархе аз ин мансабдорон, мисли Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раисҷумҳур бинобар чунин изҳорот ва посухҳои масхараашон аз ширкат дар нишастҳои хабарӣ дур нигоҳ дошта мешаванд, аммо мансабдорони дигар ҳам фарқе чандоне аз ӯ надоранд.  

Дар нишастҳои матбуотӣ асосан аз “пешравӣ” гуфта мешавад ва суолҳо дар бораи камбудиҳо дар аксари вақт нодида гирифта мешаванд. Дар иттилоияе ҳам, ки “Ховар нашр кардааст, гуфта мешавад “намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишастҳои матбуотӣ имкон доранд оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти бештар гиранд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *