Судури баёнияи муштараки Русия ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс дар бораи ҷазоири сегона эътирозоти мақомоти эрониро ба думбол доштааст.
Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, рӯзи сешанбе 11 июл бо мардуд хондани баёнияи содира аз сӯи шаш кишвари ҳошияи Халиҷи Форс ва Русия гуфт: “ин ҷазоир тааллуқи абадӣ ба Эрон дошта ва судури ин гуна баёнияҳо бо равобити дӯстонаи Эрон ва ҳамсоягон муғойират дорад.”
Пештар Русия ва шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар поёни нишасти худ дар Маскав дар баёнияи муштарак хоҳони “баргардонидани парвандаи ҷазоири сегона ба Девони байналмилалии додгустарӣ ба манзури ҳалу фасли ин масъала мутобиқ бо машрӯъияти байналмилалӣ” шуда буданд.
Амороти муттаҳидаи арабӣ иддао мекунад, ки се ҷазираи Абу-Мусо, Тунби бузург ва Тунби кӯчак дар Халиҷи форс мутааллиқ ба ин кишвар аст. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон ин ҷазоирро бахше аз хоки худ дониста ва мавзӯъи моликияти онҳоро “ғайри қобили гуфтугӯ” муаррифӣ кардааст.
Дар баёния содира аз сӯи кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Русия омадааст: “вазирони хориҷа аз тамоми талошҳои мусоламатомез, аз ҷумла ибтикороти Амороти муттаҳидаи арабӣ ва кӯшишҳои ин кишвар дар дастёбӣ ба роҳҳали сулҳомез дар мавриди мавзӯъи ҷазоири сегонаи Тунби бузург, Тунби кӯчак ва Абу-Мусо аз тариқи музокироти дуҷониба бо девони байналмилалии додгустарӣ таъкид мекунанд.”
Нишасти “гуфтугӯи роҳбурдии Русия ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс” рӯзи душанбе 10 июл дар Маскав баргузор шуд. Дар ин нишаст илова бар Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия, вазирҳои хориҷаи Қатар, Уммон, Арабистони Саудӣ, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қувейт ва Баҳрайн низ ҳузур доштанд ва баёнияро имзо карданд.
Русия баъд аз Чин, дувумин қудрати ҷаҳонӣ ва шарики умдаи Эрон маҳсуб мешавад, ки дар бораи ихтилофоти арзии мавҷуд ба нафъи кишварҳои ҳамсоя мавзеъгирӣ мекунад.
Дар моҳи декабри соли гузашта Чин низ ба ҳамроҳи сарони кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс дар баёнияи иҷлоси поёнии муштараки худ дар Риёзи Арабистон хостори ҳали мусоламатомези мавзӯъи ҷазоири сегона байни Эрон ва Аморот “аз тариқи музокироти дуҷониба тибқи қавоиъди ҳуқуқи байналмилал” шуда буд.
Ҳимояти Русия аз мавзеъи кишварҳои рақиби Эрон дар минтақаи Халиҷи Форс дар ҳоле аст, ки бо шурӯъи ҷанги Укроин, робитаи Теҳрон ва Маскав гармтар шудааст. Ирсоли кумакҳои низомии Эрон ба Русия (шомили паҳподҳои интиҳорӣ) дар таҳоҷуми Маскав ба Укроин намунаҳое аз беҳбуди робитаи ин ду кишвар маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин замина Ҳашаматуллоҳ Фалоҳатпеша, раиси пешини комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон, мавзеъи баёнияи содира аз сӯи кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва Русияро “дурӯғи Шарҷа” унвон карда ва онро “идомаи бозии Путин бо манофеъи миллии Эрон” хондааст.
Фалоҳатпеша дар твитте навишт: “хиёнати бузургтари русҳоро замоне хоҳем дид, ки диктатор маҷбур ба танишзудоӣ бо НАТО шавад.”