Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия имрӯз ба ҳамроҳи як ҳайати олирутба аз ин кишвар сафари се рӯза ба минтақаи Халиҷи Форсро оғоз кардааст.
Ӯ ибтидо аз Арабистони саудӣ дидор мекунад ва сипас ба Қатар ва Аморот меравад. Ин дидорҳо дар пайи моҳҳо талоши Туркия барои беҳбуди равобит бо ҳамсоягони минтақаи худ анҷом мешавад ва гуфта шудааст, ки бар рӯйи муомилоти иқтисодии бузург мутамаркиз хоҳад буд.
Интизор меравад, раҳбари Туркия дар тӯли сафари худ ба ин се кишвари ҳавзаи Халиҷи Форс қарордодҳои чандмиллиарддолларӣ бо онҳо имзо кунад.
Ҷанбаҳои молии ин сафар барои Урдуғон, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ дубора ба риёсатҷумҳурии ин кишвар интихоб шуда ва ба думболи беҳбуди вазъияти иқтисодии ин кишвар аст аҳамияти зиёде дорад.
Иқтисоди Туркия дар ҳоли ҳозир таҳти фишори шадид қарор дорад. Таваррум дар Туркия дар болотарин ҳадди худ аст ва арзиши лир, воҳиди пули он ба шиддат коҳиш ёфта ва Туркия бо касри буҷаи шадид рӯ ба рӯ аст.
Гуфта шуда, ки дар дидори Урдуғон бо мақомоти Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар масоили ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ҳам мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт ва дар ин музокирот таҳаввулоти Сурия, Яман, Ироқ, Судон, Либия ва фаластиниҳо ҳам баррасӣ хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Урдуғон имрӯз пеш аз тарки Истамбул гуфт дастури кори аслии ин сафараш сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои тиҷории муштараки бештар бо ин кишварҳо хоҳад буд.
Ӯ гуфтааст: “тиҷорати дуҷониба бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс аз як миллиарду шашсад миллион доллар ба ҳудуди 22 миллиард доллар дар бист соли гузашта афзоиш ёфтааст ва мо ба думболи роҳҳое барои пешбурди ин рақам ба рақамҳои бисёр бештар хоҳем буд”.
Урдуғон ҳамчунин дар як нишасти матбуотӣ дар рӯзи панҷшанбеи гузашта гуфта буд, ки ин дидорҳо фурсате аст, ки ба ӯ иҷоза медиҳад шахсан ҳимояти кишварҳои Халиҷи Форс аз Туркияро бубинад.
Ӯ гуфт, ки пеш аз ин кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс мутааҳҳид ба афзоиши сармоягузориҳои калон дар Туркия шудаанд ва ин сафар ба ин тааҳҳудот истеҳком хоҳад бахшид.
Равобити Арабистон ва Туркия аз қатли Хошуқчи то имрӯз
Дар соли 2018, қатли ҳавлноки Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигор ва мухолифи саудӣ дар консулгарии Истамбул мунҷар ба қатъи тақрибан комили равобити дипломатики Туркия ва Арабистони Саудӣ шуд.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар он замон гуфт: “собит шудааст, ки қатли ӯ аз пеш тарроҳӣ шуда буд.”
Урдуғон аз касе ном набурд аммо гуфт: медонад, ки дастури қатли Хошуқҷӣ “аз сӯи болотарин сутӯҳи ҳукумати саудӣ содир шудааст.”
Дар пайи он равобит байни ду қудрати минтақаӣ ба шиддат вахим ва мунҷар ба таҳрими ғайри расмии воридот аз Туркия тавассути Арабистони Саудӣ шуду то ҳамин се сол пеш, Туркия ва Арабистони Саудӣ машғули таҳрими воридоти якдигар буданд.
Аммо тирагии равобити ду кишвар дар тӯли як соли гузашта то ҳудуде аз байн рафтааст.
Дар тобистони соли гузашта валиаҳди Арабистони саудӣ барои аввалин бор пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ба Туркия сафар кард.
Дар пайи он муомилоти тиҷорӣ байни ду кишвар ба суръат рушд кард ба тавре, ки дар соли 2022, тиҷорат байни ду кишвар муодили шаш миллиарду панҷсад миллион доллар буд.
Густариши равобити тиҷорӣ бо Арабистони Саудӣ ба унвони бузургтарин иқтисод дар миёни кишварҳои ҳавзаи Халиҷ Форс барои Туркия аҳамияти зиёде дорад.
Робитаи Туркия бо Қатар
Туркия ва Қатар ба таври суннатӣ равобити хубе доранд ва Анқара дар дар соли 2014, дар ҷараёни аввалин буҳрони ҷиддии дипломатики ин кишвари кӯчаки ҳошияи Халиҷи Форс, тарафи Қатарро гирифт.
Ин ҷидоли дипломатик, ки миёни Қатар ва блоки Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн буд, баъдан шадидтар шуд.
Дар ҷараёни он таниши блоки Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн равобити сиёсӣ ва иқтисодии худ бо Қатарро қатъ карданд ва ин кишварро ба ҳимояти молӣ аз “терроризм” дар минтақа муттаҳам карданд ва Қатар илова бар аз даст додани марзҳои обию хокии худ бо ин кишварҳо, марзи ҳавоии маъмули худ барои омадурафти парвозҳои “Қатар эйрлайнз”-ро, ки барояш ҳаётӣ буд, аз даст дод.
Қатар байни солҳои 2017 то авоили соли 2021 дар инзивои ҳамаҷониба қарор гирифт ба тавре, ки бо камбуди ғизо ва дору мувоҷеҳ шуд ва Туркия ба раҳбарии Урдуғон ба кумаки Қатар шитофт.
Раҷаб Таййиб Урдуғон инзивои Қатарро ғайриинсонӣ ва хилофи арзишҳои исломӣ тавсиф кард ва онро бо “ҳукми эъдом” муқоиса кард.
Туркия сипас ғизо, обу дору ба Қатар ирсол кард ва ба ҳамсуйӣ бо Қатар идома дод ва то он ҷо пеш рафт, ки нерӯҳои Туркияро дар он ҷо мустақар кард.
Қатар ҳам аз тариқи ҳимоят аз Туркия дар саҳнаи байналмилалӣ ва ҳам аз тариқи сармоягузориҳои молии бузург дар ин кишвар ба ҳимоятҳои Туркия посух додааст. Ба таври мисол дар соли 2018, ки лири Туркия ҳудуди 40 дарсад аз арзиши худро дар баробари доллари Амрико аз даст дод. Қатар бо сармоягузории 15 миллиард долларӣ ба кумаки Туркия рафт.
Ва сармоягузории Қатар дар Туркия байни солҳои 2016 то 2019 панҷсад дарсад афзоиш ёфтааст.
Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Равобити дипломатики Амороти муттаҳидаи арабӣ бо Туркия аз авохири соли 2021, дар пайи истиқболи Аморот аз бозгашти Қатар ба арсаи дипломатики кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс беҳбуд ёфтааст.
Равобити Туркия ва Аморот дар ҷараёни таниш миёни Қатар бо блоки Арабистони саудӣ дар пайи ҷонибдории Анқара аз Қатар ба шиддат тира шуда буд. Аммо Туркия ва Аморот ҳоло тавонистаанд равобити худро беҳбуд бахшанд, ба тавре, ки се рӯз пас аз пирӯзии Урдуғон дар интихоботи моҳи май, Туркия, ду кишвар як тавофуқи тиҷорӣ ба арзиши 40 миллиард доллар барои панҷ соли оянда имзо карданд.