Раисҷумҳури Русия мегӯяд ширкатҳои ғарбӣ “бешармона” аз тавофуқ бар сари ғаллаи содироти Укроин суд бурдаанд. Ў ба кишварҳои африқоӣ итминон дод нигарони ниёзҳои кишоварзӣ ва ғизоии худ набошанд ва Русия ғаллаи Укроинро ҷуброн хоҳад кард.
Владимир Путин дар мақолае таҳти унвони “Русия ва Африқо” дар сайти Кремл ба кишварҳои африқоӣ қавл додааст ба рағми таҳримҳои мавҷуд алайҳи Русия, ғалла, ғизо ва нуриҳои минералӣ ба ин кишварҳо таҳвил дода хоҳад шуд. Ў гуфт Русия метавонад ғаллаи Укроинро ҷуброн ва ҷойгузин кунад.
Путин дар мақолаи худ, ки ба муносибати иҷлоси ояндаи Русия ва Африқо дар Санкт-Петербург навишт, гуфтааст: “мехоҳам итминон диҳам, ки кишвари мо метавонад ғаллаи укроиниро ҳам ба сурати тиҷорӣ ва ҳам ба сурати ройгон ҷуброн кунад, ба хусус ин ки имсол интизори бардошти хубе аз ғалла хоҳем дошт.”
Дар соли 2022 Русия 11 ним миллион тонн ва дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ тақрибан 10 миллион тонн ғалла ба Африқо содир кард.
Путин дар робита бо тавофуқномаи ғалла, ки ахиран аз он хориҷ шуд, навишт коридори содироти ғалла аз тариқи баҳри Сиёҳ аҳамияти башардӯстонаи худро аз даст додааст.
Ба гуфтаи Путин аз 33 миллион тонн ғаллаи содиршуда бар асоси ин тавофуқ, бахши қобили таваҷҷуҳи он ба кишварҳое бо сатҳи даромади боло аз ҷумла кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо содир шудааст. Дар ҳоле, ки кишварҳои камдаромад ва фақир миқдори камтаре дарёфт кардаанд.
Путин иддао кардааст: “ин тавофуқи бешармона барои ғанисозии Иёлоти муттаҳида ва Аврупо, ки ғаллаи Укроинро аз ин даст харида ва аз он даст фурӯхтанд, истифода шудааст.”
Русия бо вуҷуди дархостҳои байналмилалӣ аз ҷумла Созмони милал ва ҳатто Чин, тавофуқномаи байналмилалии ғалларо як ҳафта пеш бекор кард. Акнун бими он меравад, ки қаҳтӣ дар кишварҳои фақиртар ҳатто бештар шавад.
Тибқи тавофуқи судури ғаллаи Укроин, ки соли гузашта бо миёнаравии Туркия ва пуштибонии Созмони милал ба даст омад, маҳмулаҳои Укроин иҷоза доштанд аз тариқи баҳри Сиёҳ, аз бандари Одесса, Черономорск ва ҷазираи Южний гузар кунанд. Ба ин тартиб интиқоли ҳазорон тонн маҳсулоти кишоварзии Укроин ба дунё фароҳам мешуд.
Тавофуқи судури ғаллаи Укроин аз тариқи баҳри Сиёҳ рӯзи душанбе 17 июл бекор шуд ва Русия бо вуҷуди тақозоҳои мукаррари байналмилалӣ, онро тамдид накард.
Дар рӯзҳои ахир ҳамалоти Маскав ба шаҳрҳои Укроин аз ҷумла Одесса дар баҳри Сиёҳ низ ташдид шуда ва бими он меравад бо тдомаи таниш, қаҳтӣ ва камёбии ғалла дар кишварҳои фақир беш аз пеш шавад ва буҳрони инсонӣ авҷ гирад.