Рубрики Хабарҳо

Дар Суис ба ифротгароёни қуръонсӯз муқобилият нишон доданд

Тундгарои даниягӣ  бо номи Rasmus Paludan хост, то китоби муқаддаси мусалмонон Қуръонро дар маърази омма оташ занад. Ҳодиса рӯзи 28-уми август дар шаҳри Малмаи кишвари Шведсия ба вуқӯъ пайваст. Расмус Палудан тавассути шарики ҳаммаслакаш   рассоми шведӣ  Дан Парк аз полиси Малмё барои  баргузории ин амали эътирозиаш дархост кард. 

Дар аввал, онҳо тасмим доштанд, дар намози ҷумъаи 28 август дар наздикии бузургтарин масҷиди Шветсия дар шаҳри Малмё гирдиҳамоӣ баргузор кунанд.  Расмус Палудан дар ҷараёни таҷаммӯи худ  ният дошт, ки Қуръонро дар гӯшти хук бипечад  ва намоишкорона сӯзонад. Ин фарди ифротӣ қаблан ҳам иқдомоти мушобеҳеро дар кишварҳои Дания ва Норвегия анҷом дода буд. Аммо талоши ӯ барои иҷрои чунин амал дар Шветсия хашми сокинони Малмё ва мардуми зиёдеро дар тамоми Шветсия ба вуҷуд овард. 

Гуфтанист, Малмё   сеюмин шаҳр аз ҷиҳати саршумори аҳолӣ мебошад ва дар он шумораи зиёди мусалмонон зиндагӣ мекунад. Дониста мешавад, тундгарои исломситези даниягӣ  махсус ин шаҳрро интихоб кардааст.

Хабаргузории бахши узбекии Бибиси ин хабарро расонаӣ карда навиштааст, сокинони шаҳри Малмё, ҳам мусулмонон ва ҳам ғайримусалмонон, ё ба тамом бединон ҳам  аз ин амали тарҳрезишуда хеле ба хашм омадаанд ва хавотиранд, ки ин амал боиси ошӯб ё даргириҳо дар шаҳр хоҳад шуд. 

Бисёре аз созмонҳои исломӣ  дар муроҷиати худ ба полис гуфтанд, ки ҳаргиз  ба амал омадани чунин тазоҳуротро роҳ надиҳанд, зеро  ин ҳолат боиси эҷоди нафрату душманӣ бар мусалмонон мегардад. 

То ҳол  полис ҷиҳати иҷозаи тазоҳурот тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, полис метавонад иҷозат диҳад, аммо дур аз масҷид. Конститутсияи Шветсия ҳуқуқи шаҳрвандонро барои баргузории гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва амалҳои бидуни хушунат кафолат медиҳад ва муҳофизат мекунад.

Ин хабар, ки дар шабакаҳои иттилоотии интернет нашр шуд ва наттоқи телевизиони  Швед ҳам хабар дод.  Дар зершарҳи шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне коментҳо ибрози назари мардуми мусалмону номусалмони тамоми дунё фаровон чоп шудааст. 

Бархе аз шоҳидони воқеа аз худи шаҳри Малмё навиштаанд, ки полиси Шветсия ба сӯзондани оммавии Қуръон аз ҷониби як мансабдори тундрави Дания дар Малмо иҷозат надод. 

Нафари дигар ифтихорашро аз ин амали пулис иброз карда, ки мо бояд бо пулиси шведӣ ифтихор кунем, ки метавонад чунин иғвогариҳоро бартараф созад, то бадномсозиҳои мусалмонон пешгирӣ карда шавад ва иҷрокунандагони ин қабил  амалро  дар ҷойи худ нишонад. 

Яке аз корбарон навиштааст, солҳои 30-юми асри гузашта  фашистон дар Олмон китобҳоро ба оташ мепартофтанд ва усулҳои фашистон тағир наёфтаанд. Имрӯз  тундгароёни исломситез  дар асл ҳамон фашистҳо ҳастанд, барои онҳо мақсаду  мароми  асосӣ ёфтани гурӯҳе аз одамон ва гунаҳкор кардани онҳо дар тамоми балоҳост. 

Корбари дигар зери ин хабар навиштааст, “дар даҳсолаи охир дар Ғарб ва инчунин дар Русия шахсони алоҳида ва нерӯҳои сиёсӣ пайдо шуданд, ки мехоҳанд тавассути барангехтани кинаю адовати миллӣ ва динӣ ба қудрат расанд. Ин фашистҳо ва экстремистҳои нав демократияро барои нест кардани демократия суистифода мекунанд. Озодии сухан ва матбуот, озодии баргузории намоишҳо ва ибрози ақида, ин ҳама аз ҷониби демократия кафолат дода мешавад, аммо мо эҳтимолан коре бояд кунем, то фашистон ва экстремистоне, ки аз демократия суистифода мекунанд, ба қудрат нарасанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *