Рубрики Хабарҳо

Мусофирони роҳи Душанбе-Хуҷанд акнун ба Рустами Эмомалӣ ҳам “доля” месупоранд

Бар маблағҳое, ки мусофирон ва ронандагони роҳи Ҷануб-Шимол ба Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур месупориданд, маблағи нав зам шуд. Акнун ҳамаи мошинҳои аз ин роҳ убуркунанда маҷбуранд ба Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур ҳам “доля” супоранд. 

Терминали навбунёди “Чорбоғ”, ки ду моҳ пеш мусофиркашҳои самти Суғд ба онҷо кӯчонида шуданд, пулакӣ шудааст: ронандаҳои мошинҳои сабукрав, ки ин терминал мусофир мегиранд, бояд 20 сомонӣ пардохт кунанд. Дар ин бора  “Азия-Плюс” бо истинод ба ронандагони мусофиркаши ин самт хабар медиҳад ва менависад ин тартиб шурӯъ аз 1-уми январи соли 2023 ҷорӣ гардидааст.

То ин муддат онҳо аз терминал ройгон истифода мекарданд.

Қаблан ҳам таксиҳои самти вилояти Суғд дар терминали “Маром” мусофир мегирифтанд, ин миқдор маблағ пардохт мекарданд. Аммо он ба хонаводаи раисҷумҳур тааллуқ надошт. Ҳамчунин дар ҷои муносибе ҳам барои мусофирон ва ҳам барои таксиронҳо қарор дошт. 

Ҳоло Рустами Эмомалӣ, ки тамоми бизнесҳои сердаромад ва бедардисари пойтахтро ба худ ихтисос додааст ва бештари онҳоро тавассути холдинги “Авесто Гурӯҳ” идора мекунад, вуруди хурӯҷи мусофирон ба пойтахтро низ ба манбаъи даромад табдил додааст.

Мақомот иддао доранд, ки маблағи ҷамъовардашуда барои таъмиру тармим ва дигар хароҷоти терминал сарф карда мешавад. Ҳамин даъворо ширкати IRS марбут ба Ҷамолиддин Нуралиев ва Озода Раҳмон, домод ва духтари раисҷумҳур, ки солона аз роҳи пулакии самти Ҷануб-Шимол 100 миллион доллар даромда мегиранд, доранд.

Ба ғайр аз мусофирбарони самти Суғд, ҳамкорони онҳо дар самти Хатлон ҳам ба терминали нав кӯчонида шудаанд, ки бо гумони ғолиб ба зудӣ пулакт хоҳад шуд.

Албатта таксиронҳо дар гумон аст, ки аз ин кор даромадашон камтар шавад. Онҳо қимати раҳкироро ба ҳамин миқдор боло мебаранд ва ин мусофиронанд, ки бояд барои роҳ афтодани боз як бизнеси писари сернашавандаи раисҷумҳур пули бештаре пардохт кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *