11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ба пайвандони духтараки таҳқиршудаи истаравшанӣ фишор меоранд

Пайвандони духтари ноболиғ аз деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан аз тарафи кормандони ШВКД рабуда ва кӯшиши дастдарозӣ ба номусаш шуда буд аз фишори чанд мақомоти ин шаҳр шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд мақомот ба ҷойи расидан ба доди онҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани кӯдакозорон, ба ҷабрдидагор фишор меоранд.

Аввали моҳи ҷорӣ Вазорати корҳои дохида бо нашри наворе иддао кард, ки сокинони ин деҳа, бо шумули вакили деҳа ва раҳбари мактаби он, бидуни кадом сабабе ба маъмурони содиқи пулис, ки барои иҷрои вазифаҳои хидматиашон рафта буданд, ҳамла кардаанд. 

Дертар шакли пурраи навори он ҳодиса нашр гардид. Тибқи он сокинон духтараки ноболиғро аз дасти як маъмури пулис мехост ба номуси духтараки 15 сола(!) дастдарозӣ кунад ва дуи дигар ҳам ӯро дар ин кор кӯмак мекарданд, наҷот диҳад. Худи духтарак ба расонаҳо гуфт “милиса омад, ба паҳлӯям нишаст. Гуфт, агар ҳамин корамон шавад, ман ба ту Айфон 14 промакс харида медиҳам. Ту шиноснома надоштаӣ, шиносномаатро ҳал карда медиҳам. Миёнамро қапида ин гапҳоро гуфт. Ман дар ин ҳолат гиря карда, фарёд задам, ки ҳамдеҳаҳо аз берун шунидаанд.”

Руқия Ниёзқулова, модари духтари ноболиғ дар суҳбат ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, ӯро ба ҳукумати шаҳр ва ҳам додситонӣ даъват карда, фишор меоранд. Мақомоти шаҳри Истаравшан дар бораи ин қазия расман чизе нагуфтаанд.

Ниёзқулова афзуд, умедвор буданд, ки ба духтари ноболиғаш кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд, аммо баръакс ба ӯ фишор оварда истоданд, ки чаро бо хабарнигорон суҳбат кардааст.

Руқия Ниёзқулова, аввали моҳи июл гуфта буд, се милиса духтарашро ба мошин савор арда, ба тарафи дашту саҳро бурдаанд. Зулфия Эркаева, як масъули ҳукумати шаҳри Истаравшан ба «Азия-Плюс» тасдиқ кардааст, ки бо модари духтари ноболиғ суҳбат кардаанд, аммо танҳо дар бораи аризааш аз ӯ пурсиданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *