Рубрики Хабарҳо

Таҳоҷуми низомии Русия: Шумори оворагони укроинӣ ба беш аз 13 миллион нафар расид

Ҳафтоду шашумин рӯзи таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин бо ташдиди даргириҳои рӯзи сешанбе дар ҷанубу шарқи Укроин оғоз шуд. 

Артиши Укроин рӯзи сешанбе аз идомаи ҳамалоти мушакии нерӯҳои Русия ба минтақаи Одесса хабар дод. Артиши Укроин ҳамчунин таъйид кард, ки дар натиҷа ҳафт ҳамлаи мушакӣ субҳи имрӯз як нафар кушта ва панҷ тан захмӣ шуданд. 

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Укроин низ субҳи сешанбе эълом кард, ки нерӯҳои Русия дар ҳоли тадоруки амалиёти таҳоҷумӣ дар минтақаи Донбасс воқеъ дар шарқи Укроин ҳастанд. 

Гузоришҳо аз Укроин ҳамчунин ҳокист, ки оташи тӯпхона ва ҳамалоти ҳавоии артиши Русия ба корхонаи фӯлоди Азовстал дар шаҳри бандарии Мариупол рӯзи сешанбе низ идома дорад ва муқовамати размандаҳои укроинӣ ҳамчунон монеъ аз тасаллути комили нерӯҳои рус бар ин шаҳр шудааст. 

Охирин хабарҳо ва рӯйдодҳои муртобит бо таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар рӯзи сешанбе даҳуми моҳи майи 2022-ро дар ин гузориш думбол кунед. 

Амрико: Русия ду ҳафта аз барномаи худ дар таҳоҷум ба Донбасс ақиб аст 

Як мақоми аршади дифоъии Иёлоти муттаҳида ба хабаргузории Рейтерз гуфт таҳоҷуми Русия ба минтақаи Донбасси Укроин ва ҳамчунин ҷануби ин кишвар тибқи барнома пеш нарафтааст. Маскав ҳудуди ду ҳафта аз барномаи худ ақиб монда ва Владимир Путин дар ин манотиқ дар ҷое нест, ки пештар қасд карда буд. 

Ин мақом, ки нахост номаш фош шавад, гуфт: “Арзёбии мо ин аст, ки Путин то кунун ба ҳеҷ як аз аҳдофи стратегии худ дар Донбасс ё Укроин даст наёфта ва ҳамчунон тамаркузи ӯ бар тасарруфи Донбасс аст.”

Вай изофа кард Русия “мутмаиннан хоҳони эҷоди як пули заминӣ ба Крим аст.” 

Таъкиди мақомоти аршади Амрико ва Италия бар ҳимоят аз Укроин дар баробари Русия 

Марио Драги нахуствазири Италия ва Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе дар Кохи Сафед бар иттиҳоди фароатлантикӣ дар вокуниш ба таҳоҷуми Русия ба Укроин таъкид карданд. 

Драги дар ин дидор бо баёни ин ки ҷанг дар Укроин равобити Италия ва Амрикоро мустаҳкамтар аз пеш кардааст, гуфт: “Владимир Путин фикр кард, ки метавонад моро аз ҳам ҷудо кунад. Ў шикаст хӯрд, мо дар канори ҳам ҳастем.” 

Вай афзуд: “Акнун дар Италия ва Аврупо мардум мехоҳанд поёни ин кушторҳо, ин хушунатҳо, ин қассобиҳоро бубинанд. Мардум дар ин фикр ҳастанд, ки мо чӣ кор метавонем бикунем то сулҳро ба армуғон биоварем.” 

Байден, ки дар дафтари байзии Кохи Сафед мизбони нахуствазири Италия буд бо таъиди изҳороти Марио Драги гуфт: “Путин мӯътақид буд, ки метавонад моро аз ҳам ҷудо кунад, аммо мо ҳамгом дар масир қадам бардоштем.” 

Алорағми вобастагии 40 дарсадии Италия ба гази Русия ва равобити дӯстонаи суннатии Рим бо Маскав, давлати Марио Драги ҳомии сарсахти талошҳо дар муҷозоти Русия барои ҳамла ба Укроин будааст. 

Киев: Узвияти Укроин дар Иттиҳодияи Аврупо ба “масъалаи ҷанг ё сулҳ” бадал шудааст 

Дмитрий Кулеба, вазири хориҷаи Укроин рӯзи сешанбе дар дар ҷараёни конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои олмонии худ гуфт, ки узвияти Укроин дар Иттиҳодияи Аврупо, дар чорчуби таҳоҷуми Русия ба ин кишвар, ба “масъалаи ҷанг ё сулҳ” табдил шудааст чаро, ки яке аз далоили шурӯъи ҷанг ин аст, ки Путин мутақоид шуда буд, ки Аврупо ба Укроин ниёзе надорад. 

Кулеба ҳамчунин аз Олмон ба далели тағйири мавзеъи худ дар Русия ташаккур кард. Ишораи ӯ ба ҳимояти молӣ ва таслиҳоти Олмон аз Укроин ва низ оғози талоши Олмон барои ба сифр расондани вобастагии ин кишвар ба энерҷии Русия аст. 

Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон, ки ба Укроин сафар карда, рӯзи сешанбе аз бозкушоии сафорати кишвараш дар Киев хабар дод. 

Укроин: Манотиқеро дар шимоли Харков пас гирифтем 

Вазорати дифоъи Укроин рӯзи сешанбе муддаӣ шуд, ки нерӯҳои укроинӣ муваффақ шудаанд то рустоҳои Черкасские Тишки, Руские Тишки, Боршево ва Слобоженскро дар шимоли Харков бозпас бигиранд. 

Юрий Сакс, мушовири вазири дифоъи Укроин, гуфт, ки ин муваффақият мӯҷиб шуд то нерӯҳои Русия ба хориҷ аз маҳдудаи Харков, дувумин шаҳри бузурги Укроин, ки аз замони шурӯъи ҷанг таҳти бомбаборони доимӣ будааст, ақибнишинӣ кунанд ва аз маҳдудаи таҳти пӯшиши тӯпхонаи Укроин хориҷ шаванд. 

“Путин эҳтимол дорад дар Русия ҳукумати низомӣ эълом кунад” 

Эйприл Хайнз, мудири иттилооти миллии Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, ки Владимир Путин дар ҷараёни таҳоҷуми низомӣ ба Укроин, қасди таваққуф дар минтақаи Донбасс воқеъ дар шарқи ин кишварро надорад балки мехоҳад ҷангро ба Преднестрове, минтақаи худмухтор дар Малдава бикашанд. 

Ба гуфтаи хонум Хайнз, раисҷумҳури Русия барои пешравии низомии бештар бар рӯйи коҳиши ҳимоятҳои Ғарб аз Киев ҳисоби вижа боз кардааст. 

Мудири иттилооти миллии Амрико ҳамчунин афзуд: “Владимир Путин танҳо дар сурати бурузи таҳдиди вуҷудӣ алайҳи ҳукумати худ ва Русия аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард вале барои таҳаққуқи аҳдофи ишғолгаронаи худ дар Укроин ҳатто ҳозир ба эъломи ҳукумати низомӣ дар Русия аст”. 

Вазири хориҷаи Олмон: Укроин бояд узви Иттиҳодияи Аврупо шавад 

Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон, рӯзи сешанбе бо таъкид бар лузуми узвияти Укроин дар Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки барои тай шудани масири ин узвияти доимӣ ҳеҷ роҳи миёнбуре вуҷуд надорад. Хонум Бербок, ки дар ҷараёни конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои укроинии худ сухан мегуфт, афзуд: “ Олмон воридоти энерҷӣ аз Русияро барои ҳамеша ба сифр мерасонад.” 

Вазири хориҷаи Олмон, ки дар чорчуби як сафари ғайри мунтазир дар Укроин, ҳузур дорад, пеш аз ҳузур дар ин конфронси хабарӣ аз шаҳри Буча дар шимоли Киев дидор кард. 

Укроин иддаои пешравии низомии Русияро рад кард 

Фармондори минтақаи шарқии Луганск рӯзи сешанбе иддаои Русияро мабнӣ бар убури нерӯҳои ин кишвар аз хати дифоъии артиши Укроин дар наздикии шаҳри Попасная, рад кард ва тасарруфи комили ин шаҳри кӯчакро “хаёлпардозӣ” унвон кард. 

Вазорати дифоъи Русия рӯзи сешанбе муддаӣ шуда буд, ки ка воҳидҳои шибҳинизомии ҷудоиталаби таҳти ҳимояти артиши Русия, муваффақ ба шикастани муқовамати мудофеъони укроинӣ шуда ва шаҳри кӯчаки Попасная воқеъ дар шарқи Укроинро ба таври комил тасарруф кардаанд. 

Шумори оворагони укроинӣ ба беш аз 13 миллион нафар расид 

Созмони байналмилалии муҳоҷирати (IOM) эълом кард, ки беш аз 13.6 миллион укроинӣ тайи ду моҳи гузашта ногузир ба тарки хонаю кошонаи худ шудаанд, ки аз ин мизон каме беш аз 8 миллион нафар дар нуқоти дигаре аз ин кишвар паноҳ гирифта ва аз кишвар хориҷ нашудаанд. 

Албатта шаҳрдори Киев, рӯзи сешанбе хабар дод, ки наздик ба ду севум аз сокинони 3.5 миллион нафарии Киев дар рӯзҳои пеш аз оғози ҷанг, ба пойтахти Укроин бозгаштаанд. Пойтахте, ки каме пас аз оғози таҳоҷуми низомии Русия дар 24 феврал тақрибан аз сокинон холӣ шуда буд. 

Мутобиқи эъломи шаҳрдории Киев, муқаррароти манъи рафту омад дар ин шаҳр ҳамчунон барқарор аст. 

Ҳазор сарбоз ва 100 ғайринизомии укроинӣ ҳамчунон дар Азовстал таҳти муҳосираанд 

Ба гуфтаи Ирина Барчук, муовини нахуствазири Укроин, “беш аз ҳазор” сарбози укроинӣ, аз ҷумла “садҳо маҷрӯҳ” дар корхонаи фӯлоди Азовстал ҳамчунон дар муҳосираи нерӯҳои русӣ дар Мариупол, ҳастанд. 

Дастёри шаҳрдори шаҳри бандарии Мариупол низ рӯзи сешанбе эълом кард, ки ҳадди ақал 100 ғайринизомӣ дар корхонаи фӯлоди ин шаҳр зери оташи сангини артиши Русия гирифтор мондаанд. 

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ва бо миёнҷигарии Созмони милал ва мудирияти Салиби сурх аксари ғайринизомиёни гирифтор дар ин корхона тахлия шуданд. 

Русия муддаии ишғоли комили Попасная шуд 

Вазорати дифоъи Русия рӯзи сешанбе муддаӣ шуд, ки воҳидҳои шибҳинизомии ҷудоиталаб дар минтақаи Луганск бо ҳимояти артиши Русия, муваффақ ба шикастани муқовамати мудофеъони укроинӣ шуда ва шаҳри кӯчаки Попасная воқеъ дар шарқи Укроинро ба таври комил тасарруф карданд. 

Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин муддаӣ шуда, ки дар ҷараёни ин амалиёт 120 нерӯи укроинӣ кушта шудаанд. 

Артиши Укроин ин иддаои Русияро таъйид накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *