Рубрики Хабарҳо

Садамаи пурқурбонӣ дар Ҷомӣ; ВКД ин дафъа ҳам аз кормандонаш ҳимоят кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даст доштани кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё БДА дар садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлонро рад кард. 

Дар изҳороте, ки ин ниҳод пахш карда, иддао шудааст, ки «ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд».

Гуфтанист, рӯзи 21 июл дар пайи ба дарё саросез шудани як мошин шаш кас, аз ҷумла, се кӯдак ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар дар ин ҳодиса маҷруҳ шудаанд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба як шоҳиди ҳодиса аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ навишт мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардан ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ 26 июл дар сомонааш иддао кардааст, ки ду нафари зиндамонда “ҳолати таъқиб намудани автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро аз ҷониби кормандони БДА рад намуданд». 

Вазорати корҳои дохила ва дар умум аксари ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз кормандони худ, ҳатто агар онҳо ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, ҳимоят мекунад ва ҳодисаҳои пинҳон кардани ҳақиқат аз тарафи ин ниҳод зиёд сабт шудааст. Охирини он ҳам кӯшиши таҷовузи корманди пулис ба номуси духтараки ноболиғ дар Истаравшан аст, ки ВКД баръакс ҷабрдидагонро гунаҳкор ва боздошт кардааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *