Рубрики Хабарҳо

Путин: ба кишварҳои африқоӣ ҳазорон тонн ғаллаи ройгон медиҳем

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дувумин давра аз иҷлоси Русия ва Африқо дар Санкт-петербург гуфтааст бо вуҷуди таҳримҳои Ғарб, ки содироти ғалла ва нуриҳои минералиро барои ин кишвар душвор кардааст, зарфи чанд моҳ даҳҳо ҳазор тонн ғаллаи ройгон ба кишварҳои африқоӣ ҳадя хоҳад дод. 

Путин дар аввалин рӯзи иҷлос гуфт кишвараш омодааст барои иҷрои нақши ҳаётӣ дар амнияти ғизоии ҷаҳонӣ, “ҷойгузини содироти ғаллаи укроинӣ ба Африқо” шавад. 

Ин нишаст, ки рӯзи панҷшанбе 27 июл оғоз шуд, ба муддати ду рӯз идома хоҳад дошт. 

Ӯ ҳамчунин муддаӣ шуд дар 3 то 4 моҳи оянда ба 6 кишвар (Буркино Фасо, Зимбабве, Мали, Сомалӣ, ҷумҳурии Африқои марказӣ ва Эритрея) байни 25 то 50 ҳазор тонн ғаллаи ройгон таҳвил хоҳад дод. Ба гуфтаи Путин аз маҷмӯъи 60 миллион тоннн ғаллаи содиршудаи Русия дар соли гузашта 48 миллион тонни он гандум будааст. 

Русия ва Укроин ҳар ду аз бузургтарин содиркунандагони ғалла дар ҷаҳон ҳастанд. Кремл дар рӯзҳои гузашта аз тавофуқи баҳри Сиёҳ, ки ба Укроин иҷоза медод ғаллаи худро эмин аз тариқи баҳр содир кунад, хориҷ шуд. Маскав пас аз хурӯҷ аз ин тавофуқнома ҳамалоти сангини худро ба бандари Одесса оғоз кард. Се бандари ин минтақа танҳо бандаре буданд, ки таҳти қарордоди ғалла дар Укроин фаъолият доштанд. 

Путин дар посух ба интиқодоти Ғарб муддаӣ шуд, хостаҳояш барои содироти маҳмулаҳои кишоварзии Русия бароварда нашудааст. 

Бо идомаи танишҳо Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид аз Кремл хост ба иҷрои тавофуқномаи баҳри Сиёҳ бозгардад ва гуфт “вақте қимати ғизо боло бираванд товонашро ҳама хоҳанд пардохт. Ин махсусан барои кишварҳои осебпазир, ки барои тағзияи шаҳрвандонашон мушкилоте доранд, харобиовараст.” 

Ба гуфтаи Путин “ба лутфи тавофуқи баҳри Сиёҳ, ки ҳоло мансух шуда, беш аз 70 дарсад ғаллаи содиротии Укроин ба кишварҳое бо даромади боло ё даромади болотар аз миёна, аз ҷумла дар Иттиҳодияи Аврупо содир мешуд.” 

Ӯ дар идома афзуд ба думболи ҷорисозии таҳримҳо аз сӯи Ғарб (дар пайи ҷанг бо Укроин) ҳатто аз ирсоли нуриҳои минералии ройгони Русия ба кишварҳои фақир ҷилавгирӣ шудааст. 

Путин ҳамчунин гуфт: “кишварҳои ғарбӣ аз як тараф монеъи арзаи ғалла ва нуриҳои минералии мо мешаванд ва аз сӯи дигар риёкорона моро ба хотири вазъияти буҳронии кунунӣ дар бозори ҷаҳонии ғизо сарзаниш мекунанд.” 

Азали Уссумани, раиси Иттиҳодияи Африқо дар бахши дигаре аз ин нишаст бо таъкид бар “ҳамзистии мусоламатомез” байни Русия ва Укроин унвон кард, ин амр ҷони касонеро, ки ба содироти маводи ғизоӣ вобаста ҳастанд, наҷот медиҳад. 

Манобеъи русӣ мегӯянд аз намояндаи 49 кишвари ҳозир дар ин нишаст 17 нафаршон аз раҳбарони кишварҳои африқоӣ ҳастанд. Аввалин давраи иҷлоси Русия ва Африқо дар соли 2019 бо ҳузури 54 кишвар дар Сочи баргузор шуд. 

Ба назар мерасад коҳиши ширкаткунандагон то ҳадде ба далели талошҳои Иёлоти муттаҳида, Фаронса ва дигар кишварҳои ғарбӣ барои мунсариф кардани раҳбарони африқоӣ барои ҳузур дар ин нишаст бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *