Рубрики Хабарҳо

$2 млрд. Имзои қарордодҳо дар «пурсамартарин форуми тиҷоратӣ»-и Тоҷикистону Қазоқистон

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар Остона, пойтахти Қазоқистон ҷараён дорад, имкон дорад бо имзои қарордодҳо бо маблағи бесобиқа тамом шавад. Соҳибкорон ният доранд дар ҳаҷми 2 млрд доллар созишномаҳо тасвиб кунанд. 

Тибқи иттилоъи бо истинод вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Серик Жумангарин ин нишаст аз пурсамартарин  форумҳои тиҷоратӣ талаққӣ шудааст.

Жумангарин гуфтааст дар нимаи аввали ин чорабинӣ имрӯз байни соҳибкорон ба маблағи 1 млрд 300 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд. “Аммо нимаи дувум ҳам ҳаст, киинтизор дорем ҳаҷми маблағи созишномаҳо ба 2 млрд доллар бирасад”, -изҳор доштааст вазири қазоқ.

Дар ҳамин ҳол, “Казинформ” бо истинод ба раиси раёсати Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон Аян Еренов , ки Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхонаи муштарак барои мусоидат ба тоҷирони ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди савдои дуҷониба консепсия ба имзо расониданд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода , ки дар ҷараёни кори форум оид ба сохтмони марказҳои тақсимот ва савдои яклухт созишнома имзо шудааст, ки ҷиҳати интиқоли сабзавоту меваи серталаб ба Қазоқистон мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ӯ изҳори итминон кардааст, ки масъалаи барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе ва Остона “роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 18,5% афзуда, 1,4 млрд долларро ташкил дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *