Нерӯи баҳрии Иёлоти Муттаҳида рӯзи душанбе эълом кард, ки беш аз 3 ҳазор сарбозони амрикоӣ ба унвони бахше аз барномаи ҷилавгирӣ аз таваққуфи нафткашҳо аз сӯи Эрон вориди Баҳри Сурх ва ба ду киштии ҷангӣ мунтақил шуданд.
Новгони (флот) панҷуми нерӯи дарёи Амрико дар баёнияе эълом кард, ки малавонон амрикоӣ рӯзи якшанбе пас аз убур аз канали Суэтс ворид Баҳри Сурх шуданд.
Дар баёния афзуда шудааст, ки онҳо вориди киштиҳои ҷанги USS Bataan и USS Carter Hall, шуданд, ки тавоноии дарёии Новгони панҷумро тақвият мекунад. Ин истиқрор пеш аз ин дар моҳи июл аз сӯи Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида эълом шуда буд.
Тим Ҳоккинз, сухангӯи Новгони панҷум ба хабаргузории Фаронса гуфтааст: “ин ягонҳо инъитофпазирӣ (гибкост) ва қобилияти амалиётии қобили таваҷҷуҳеро барои ҷилавгирб аз фаъолиятҳои бесуботкунанда ва хунсо кардан танишҳои минтақаии ношӣ аз озору азият Эрон дар таваққуфи киштиҳои тиҷорӣ эҷод мекунанд.”
Як мақоми амрикаӣ ҳафтаи гузашта ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки Вашингтон дар ҳоли омода шудан барои эъзоми туфангдор ба нафткашҳои тиҷории убурӣ аз Халиҷи Форс аст ба ин умед, ки Эронро аз тавқифи ин киштиҳо боз дорад.
Дар ин баёния омадааст: “аз тариқм ин иқдомот, Иёлоти муттаҳида тааҳҳуди худро барои тазмини озодии дарёнавардӣ ва ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои бесуботкунандаи Эрон нишон медиҳад.”
Ба гуфтаи артиши Амрико, Эрон тайи ду сол гузашта наздик ба 20 киштӣ бо парчами байналмиллалиро дар минтақа тавқиф карда ё талош доштааст онҳоро тавқиф кунад.
Аартиши Эрон як нафткаш бо парчам Ҷазоири Маршалро, ки ба самти Иёлоти Муттаҳида дар ҳаракат буд дар моҳ апрел тавқиф кард. Як ҳафта баъд низ нафткашӣ бо парчами Панама, ки дар ҳол убур аз танга Ҳурмуз буд, тавқиф шуд.