Мақомоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти панҷ созмони иҷтимоиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон манъ карданд. Мақомот иддао мекунанд ташкилоте, ки фаъолияташон қатъ шуд, бо гуруҳҳои ҷиноӣ иртибот доштаанд, аммо фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон ин корро идомаи фишорҳо болои худ медонанд.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия 8 август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи санҷиши беш аз 140 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ВМКБ, фаъолияти панҷ созмон дар ин вилоят қатъ шуданд.
Ба гуфтаи Ҳакимзода, ин панҷ созмон «Номус ва инсоф», «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир», «Панҷ», «Ҷавонони ноҳияи Ишкошим» ва «Клуби гуштини шайдон» буданд. Ба гуфтаи муовини вазир, ин созмонҳо бо қарори додгоҳ барҳам дода шуданд. «Фаъолияти созмонҳое қатъ карда шуд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд ва сармоягузорӣ мешуданд,»-афзуд Асадулло Ҳакимзода.
Ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Бадахшон моҳи майи имсол шикоят доранд, ки мақомот ба онҳо фишор меоранд, то ихтиёран корашонро қатъ кунанд. Радиои Озодӣ бо истинод ба намояндагони панҷ созмони иҷтимоӣ дар ВМКБ менависад, ки мақомоти қудратӣ аз онҳо талаб доранд, бо «ихтиёри худ» ташкилотро муфлис эълон кунанду аз байн баранд. Аммо намояндагони ҳукумати Бадахшон ин шикоятро рад карда буданд.
Фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ як соли охир шиддат гирифт. Соли гузашта ба дунболи эътирози сокинон Манучеҳр Холиқназаров, раиси “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” боздошт ва ба гуноҳи «ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ» ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш иттиҳомҳоро напазируфтааст. Баъд аз зиндонӣ шудани Холиқназаров, фаъолияти созмонаш ҳам бас шуд. Созмони иҷтимоии “Номус ва инсоф” баъд аз боздошти муассисаш Улфатхоним Мамадшоева барҳам хӯрд. Мамадшоева ба 21 соли зиндон маҳкум шуд, аммо худаш қабл аз боздошт иттиҳоми мақомотро рад карда буд.