Рубрики Хабарҳо

Боз тазоҳурот дар Рӯшон

Дар маркази ноҳияи Рӯшон боз ҳам тазоҳуроти эътирозӣ доир шуд. Дирӯз 15 июн ҳудуди 70 сокини ин ноҳия бо гузашти ду ҳафта аз музокироти сокинон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дигарбора дар назди ҳукумати ноҳия ҷамъ омада, аз он шикоят доранд, ки мақомоти амниятӣ тавофуқоти ҳосилшуда дар музокирот бо Файзовро қабул надоранд ва ҳамчунон ба мақомот супурдани дастикам 4 сокини Рӯшон, аз ҷумла размандаи собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ёдгор Ғуломҳайдаровро талаб доранд.

Дар ин бора сомонаи Ахбор хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 июн Ёдгор Файзов ба сокинон ваъда дода буд, ки «акнун ин проблема проблемаи ману Ёдгор (Ғуломҳайдаров) аст, шумо метавонед оромона ба хонаҳоятон равед”. Ёдгор Ғуломҳайдаров ба муқовимат ба кормандони КДАМ ва ҳамдастӣ ба Шароф Қобилов, як сокини 44-солаи деҳаи Барӯшон, ки бо иттиҳоми ташкили ташкили қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон дастгир шудааст, айбдор мешавад. Ҳаводиси Рӯшон рӯзи 22 май аз боздошти Қобилов сар шуд. Ӯ ба кормандони амният муқовимат нишон дода, сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Рӯшон Самандар Чӯяновро бо корд захмӣ кард. Ҳамсояҳои Қобилов аз вай ҳимоят карданд ва кормандони КДАМ рӯзи 23 май ду нафари онҳоро дастгир карданд. Вале сокиноин Рӯшон дар назди бинои КДАМ ҷамъ шуда, он ду нафарро озод карданд. Аз 23 май то 1 июн дар маркази ноҳияи Рӯшон чанд маротиба тазоҳуроти эътирозии сокинон доир шуд. Мақомот аз аҳолӣ талаб доранд, ки гумонбаронро бисупоранд. Вале аҳолӣ талаб дошт, ки аз таъқиби ин се нафар даст бардоранд ва ҳаёти онҳоро насӯзонанд.

Дар ҳамин ҳол худи рӯзи 15 июн сардори ШВКД ноҳияи Рӯшон иваз карда шуда, ба ин мақом полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон Гадохоҷа таъйин шуд. Вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ин таъйинот ба ҳодисаҳои охир дар Рӯшон иртибот дорад ё хайр.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *