Рубрики Хабарҳо

АБУЛ-ҚОСИМИ ЗАҲРОВӢ

Абул-Қосим Халаф ибни Аббос  Аз Заҳровӣ соли 422 — и ҳиҷрӣ мутобиқ бо соли 1030-и милодӣ дар шаҳри Заҳрои Андалус (Испониёи имрӯза) ба дунё омада, дар соли 1106-и милодӣ аз олами фонӣ чашм пӯшидааст. 

Ин нобиғаи бузургвор ҳосили шукуфае аз ғунчаҳои гулистони Муҳаммадӣ аст — дуову дуруду раҳмати Аллоҳ бар равони покаш бод, ки бо маҳоратҳои илмиву истеъдодҳои фавқулоддаи фикриаш пояи соҳаи ҷарроҳӣ ва чигунагии анҷом додани онро асос гузошта, бо ихтироъ намудани олоту асбоби фанновариҳои пешрафтаи замонаш шӯҳрати оламгир пайдо намудааст.

Дар олами ғарб аз ӯ бо номи ALBUCASIS ва ABULCASIS (Абул Қосим) ном бурда, алломаи илму фан Абул-Қосими Заҳровиро, ҳамчун шахсияти соҳибфазл ва олими беҳамто ёд менамоянд.

Абул-Қосим Заҳровӣ аввалин ҷарроҳи зебоӣ дар олам аст, ки дар қарни 4-уми ҳиҷрии қамарӣ (қарни 10-уми милодӣ) умр ба сар бурда, ҷарроҳиҳои аҷиберо дар соҳаи ҷарроҳии зебоӣ анҷом дода аст.

Ҷолиб инҷост тамоми он васоилу асбобе, ки аз ҷониби ин донишманди мусалмон барои анҷом додани ҷарроҳиҳои зебоӣ ихтиро шуда буданд, то ба имрӯз ба ҳангоми ҷарроҳиҳои зебоӣ ва дандонпизишкӣ дар шарқу ғарб, тавассути ҷарроҳон истифода бурда мешаванд. Яъне ҳудуди ҳазору сад сол то ба имрӯз тамоми ҷарроҳони олам дар ҷарроҳиҳояшон аз он асбобҳо истифода намуда, дар ин соҳа худро дар баробари ихтирооти оливу нодири ин донишманди мусалмон сархаму мӯҳтоҷ медонанд.

Асри 10 «асри тиллоӣ» -и Уммавиён  дар Андалусия буд. Таҳти роҳбарии Абдурраҳмон ал-Насир  ва писари ӯ ал-Ҳаками  II-юм, ин сулолаи ҳукмронӣ дар аксарияти нимҷазираҳои Иберия ба вуҷуд омада буд.  Пойтахти кишвар  Кордовба ба бузургтарин маркази тамаддун  дар Аврупо табдил ёфта, як шаҳри рушдёбанда ва дорои ним миллион аҳолӣ, ки дар он муассисаҳои таълимӣ ва динӣ, инчунин савдо ва саноат дар фазои эҳёи воқеии зеҳнӣ рушд мекард. 

Дар соли 936, Ал-Насир ба бунёди пойтахти нав, Ал-Захра дар нишебиҳои Ал-Арус, кӯҳе дар даҳ километрии шимолу ғарби Кордовба шурӯъ кард. Шаҳри нав асосан вазифаи маркази сиёсӣ ва низомиро иҷро намуда, як ёдгории меъмории мусулмонони асри 10 гардид. Қасрҳои боҳашамат, манзилҳои истиқоматӣ ва боғҳои сарсабзи  он баъзе таърихчиёнро водор кардаанд, ки онро «Версали уммавиён» биноманд. Ҳамзамон Уммавиёни  Андалусия ба аҳли  санъат ва улум, аз ҷумла илмҳои табиӣ, кӯмаки ҳамаҷониба мерасонанд. Дар натиҷа, шумораи зиёди табибони барҷастаи он замон дар пойтахт нумӯъ ёфтанд. 

Маҳз дар ҳамин шаҳр Абул-Қосим Аз Заҳровӣ ба дунё омад, ки дар кишварҳои ғарб ӯро бо номи Албукасис мешиносанд. Табии шӯҳратёре буд, ки Гален ном дошт, аммо Аз Заҳровӣ дар малакаи табибӣ аз ӯ ҳам шӯҳратмандтар шуда буд. Аз он сабаб, ки зодгоҳашро дар соли 1011 валангор карда буданд, аз замони кӯдакиву наврасии табиби ҷарроҳ маълумоти кофие боқӣ намондаааст.  Асари муаррихи ҳамон давра Ал-Хумайдӣ бо номи “Ҷазват ал-Муктабис”  (Дар бораи олимони Андалусӣ) андаке  тарҷумаи ҳоли ин табиби бузурги исломиро дорад, ки бобати авлодаш, ҷойи зист ва санаи тахминии мараш навишта шудааст. 

Ин нобиғаи мусалмон дар таърихи инсоният аввалин шуда донишномаи тиббиеро дар 30 ҷилд ба номи “Аттасриф лиман ъаҷаза ъанит-таълиф” ба риштаи таҳрир даровардааст. Ӯ дар ин донишномаи бисёр ҳам арзишмандаш дар мавриди амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ, дар барои аз байн бурдани варами бинӣ, чигуна рафтор намудан бо ҷароҳатҳои чашм, гӯш, бинӣ, чеҳра, димоғ, гулӯ ва даҳону дандонҳо сухан ба миён овардааст. Ат-Тасриф як энсиклопедияи ҳақиқии тиббӣ буда, як қатор соҳаҳои тибро бо таваҷҷӯҳи махсус ба доягӣ, саломатии модару кӯдак, инчунин анатомия ва физиологияи вуҷуди инсон фаро мегирад. Ҳамчунин дар ин донишнома бештар аз 200 асбоби ҷарроҳиро зикр намуда, кай ва чигуна истифода намудани ҳар яки онро баён карда аст. Қисмати охирини китоб ҷилди бузургтаринаш ҳам ҳаст ва дар он бобати тамоми нозукиҳои санъати ҷарроҳӣ сухан рафтааст, ки ҳангоми мутолиа рушди ҳайратфизои тиббиёти он давронро пай бурдан мумкин аст.  Аз-Заҳровӣ дар ҷилди 30-юми китобаш оиди шикастабандӣ, табобати захмҳои гуногун, дур кардани тир, равонидани пешоби бандшуда бо роҳҳои ҷарроҳӣ ва ғайра нигошта, инчунин ба сифати ришта истифодаи  абрешими тоза, рӯдаи ҳайвонот ва тори мӯйро бари дӯхтан пас аз ҷарроҳӣ қайд кардааст.  Ал-Захровӣ аввалин олиме мебошад, ки ҷарроҳии классикии саратони сина, дур кардани санги пешобдону гурда ва усулҳои бартараф кардани кистаҳои ғадуди сипаршаклро муфассал шарҳ додааст. 

Ат-Тасриф инчунин аввалин корест, ки дар он нақшаҳои амиқи асбобҳои ҷарроҳӣ оварда шудаанд, ки хеле аз онҳоро  худи Аз-Заҳровӣ таҳия кардааст.  Бисёре аз ин воситаҳо, бо баъзе тағиротҳо, ҳоло ҳам дар истифода мебошанд. Ӯ асбобҳое барои ташхиси роҳи пешоб, дидани дохили гӯш ва дур кардани маводҳое нолозима аз меъдабо роҳи қай таҳия намудааст.   

Бо бедор шудани таваҷҷӯҳи Аврупо ба илми пизишкӣ, асари маъруфи Ат-Тасриф зуд истинод оварда, панҷ бор ба забони лотинӣ  тарҷума шудааст. Таъсири китоби аз-Захробӣ ба ҷараёни рушди ҷарроҳии аврупоӣ амиқ ва давомдор буд. Аз ҷумла, Гай де Чолиак, донишманди маъруф аз  ал-Захровӣ бештар аз 200 маротиба иқтибос меорад. 

Аллакай як ҳазор сол пеш, ахлоқи наҷот додани ҳаёти инсонҳо маркази мусалмонони Испания буд, ки дар онҷо амалиётҳои васкуляриву умумӣ ва ортопедӣ гузаронида мешуданд. Заҳровӣ ҳолати ҳар як беморашро муоинаву таъсирпазириашро аз дорувор мушоҳида мекард ва ҳатман ин ҳама таҷрибаро дар навиштори илмиаш сабт менамуд. Вай дар тӯли умри худ ҳамчун ҷарроҳи барҷаста шинохта шуд ва ҳамчун пизишки дарбори халиф Ал-Мансур, ҳокими Ал-Андалус хидмат мекард. 

Навовариҳои зиёде бо номи Аз-Захравӣ алоқаманданд, ки ин рекорди ӯро хеле таъсирбахш мекунад. Дар рӯйхати расмиёти нави муаррифишавандаи ӯ истифодаи як кетгут барои дӯхтани аъзо баъди ҷарроҳӣ  истифода бурда мешуд (ҳоло ҳам дар амалҳои содда ва мураккаб истифода мешавад). Кетгут, эҳтимол, ягона восита аст, ки  аз моддаҳои моддаҳои табиист ва  мустақилона дар дохили бадан ҳазму пароканда  мешаванд ва аз ҷониби бадани инсон рад карда намешаванд. Истифодаи ришта аз рӯдаи гӯсфандонро ар-Розӣ низ ба роҳ монда буд. Пахтаро барои боздоштани хун низ бори аввал Аз-Заҳровӣ тавсия дода аст. Санги пешобдонро бо дорувориҳо дар дохил майда карда, баъд бо воситаи  асбоби махсуси таҳиякардааш мегирифт. Ин усулро бошад, муфассал дар китоби худ навиштааст.  Ҳамчунин исқоти ҷанини мурда аз батни модар тавассути асбоби махсус, дур кардани гӯшти зиёдатии дар дохили бинӣ пайдошуда, фишурдани пӯст барои кам кардани эҳсоси дард ва даровардани устухон ҳангоми аз ҷойи буғум баромадан  тавсияҳо додааст. Аз-Заҳҳорӣ, ба монанди ҳамаи дигар ҷарроҳони мусулмон, дарди бесаранҷомии  беморро дарк намуда, оқилона ва инсондӯстона рафтор мекард ва ба иҷрои амалиёти хатарнок ва мураккаб шитоб намекард. Ин як марҳилаи ҳалкунанда дар муносибатҳои ҷарроҳ ва бемор буд. Мавзӯъҳои 60-ум ва 61-уми китоби ӯ дар бораи бартараф кардани сангҳо аз талхадону гурдаву масона мебошад. 

Тибқи навиштаҳои  таърихшинос  ал-Макризӣ аввалин беморхонаи маъруф дар олами мусулмонӣ дар замони Умайяҳо зери фармони халифа сохта шудааст. Ин даргоҳ, ки беморони бисёреро фаро мегирифту табибони ҳозиқ бо хости парвардигор шифо мебахшиданд, “Бемористон” ном дошт. Аз ҳамин калима бармеояд, ки таъсиси дармонгоҳ ҳам иқдоми форсҳо буд ва бо ҳамин ном маъмул гардида рафт. 

Ҳамаи ин гуфтори  дар боло зикршуда  нишон медиҳад, ки ҳазор сол пеш ба беморон табобат ва нигоҳубини бениҳоят хуб фароҳам оварда шуда буд. Шумораи зиёди сабтҳои ҷарроҳони бузурги даврони гузашта ба мо расидаанд. Натиҷаҳои кор ва таҳқиқоти онҳо ҷарроҳиро комилан дигар карданд ва ба ин васила зиндагии моро дар асри 21 беҳтар кардаст. 

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *